ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар соҳили дарёи Сир маҷмааи истироҳативу фароғатӣ бунёд мегардад

Май 11, 2019 10:57

ХУҶАНД, 11.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Дар соҳили чапи дарёи Сир, дар канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлӯи чойхонаи Сирдарё маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бунёд мегардад. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд бо такя ба маълумоти масъулини Идораи сохмони асосии вилоят иттилоъ медиҳад, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд 9 май бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ оғоз бахшида шуд.

Тибқи лоиҳа, Маҷмаа аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.

Ба иттилои манбаъ, мавзеи мазкур дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, бо бунёди чунин иншоот дар соҳили рӯди Сир он метавонад ба афзоиш ва ҷалби бештари теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ замина гузорад.

Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз беш аз 175 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ бо таъсиси қариб 1000   ҷойи нави кор ба истифода дода шудаанд.

Май 11, 2019 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт