ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон сохтмони се муассисаи таълимӣ оғоз гардид

Май 30, 2019 08:36

ДУШАНБЕ, 30.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  сохтмони  се мактаби нав оғоз гардид. Яке аз ин муассисаҳои таълимӣ дар маркази ноҳияи Данғара барои 640 ҷойи нишаст ва  ду мактаби дигар дар шаҳрҳои Леваканду Бохтар бунёд мегарданд.

Роҳбарият ва намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва ширкати хитоии «Синохайдро» дар вилояти Хатлон барои сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ санги асос гузоштанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи сохтмони муассисаҳои мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Абрис» омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Hepӯгоҳи барқи обии Сарбанд аз ҳисоби ширкати хитоии «Синохайдро» сохта мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки муассисаи таълимии №16 дар маркази ноҳияи Данғара аз 24 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Лоиҳаҳои дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтар татбиқшаванда аз 13 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошанд.

Аз рӯйи нақша муассисҳои мазкур  соли 2021 дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд.

Май 30, 2019 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст