ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон сохтмони се муассисаи таълимӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сохтмони се мактаби нав оғоз гардид. Яке аз ин муассисаҳои таълимӣ дар маркази ноҳияи Данғара барои 640 ҷойи нишаст ва ду мактаби дигар дар шаҳрҳои Леваканду Бохтар бунёд мегарданд.
Роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва ширкати хитоии «Синохайдро» дар вилояти Хатлон барои сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ санги асос гузоштанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи сохтмони муассисаҳои мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Абрис» омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Hepӯгоҳи барқи обии Сарбанд аз ҳисоби ширкати хитоии «Синохайдро» сохта мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки муассисаи таълимии №16 дар маркази ноҳияи Данғара аз 24 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.
Лоиҳаҳои дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтар татбиқшаванда аз 13 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошанд.
Аз рӯйи нақша муассисҳои мазкур соли 2021 дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд.








20 май — Рӯзи умумиҷаҳонии метрология: дар Тоҷикистон соҳаи метрология рушд меёбад
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Раванди ислоҳоти низоми гумрукӣ ва татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд
Масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар саммити роҳбарони Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) дар Боку иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Фархор шинос шуд
Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд
Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродиро шарҳ медиҳад
Дар Душанбе рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ба қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дохил шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи баррасии татбиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия иштирок дорад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати фаъолияти пойгоҳи обкашии №17 дар ноҳияи Ёвон шинос шуд






