«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият меёбад»,-бардошт аз конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе

Май 24, 2019 14:31

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки васеи роҳбарият, кормандони амалӣ, нозирони минтақавӣ, омȳзгорону курсантони Академия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзȳи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ифтитоҳи конфронс сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Шарифзода зикр кард, ки  тайи чанд соли охир бо дастури Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар доираи амалигардонии Стратегияи ислоҳоти милитсия корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки  ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият ёфта, созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри амалигардонии Стратегияи зикршуда  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонидаанд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар назди ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кушода шудаанд. Натиҷаи фаъолияти пурсамари ҳамин  марказҳо аст, ки аксари ҷавонон барои ҳамкорӣ бо милитсия ҷалб гардидаанд.

«Конфронси имрӯза бори дигар масоили мазкурро баррасӣ намуда, боварӣ дорем, ки баҳри тақвияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа тавсияҳои мушаххасро пешниҳод ҳоҳад намуд», -афзуд Ф. Шарифзода.

Дар идомаи кори  конфронс теъдоди зиёди маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла,  маърӯзаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Фарҳодбек Шодмонзода доир ба механизми содагардонии дастрасии аҳолӣ ба милитсия, маърӯзаи мушовири созмони «Дунёи бехатар»  Нуралӣ Ҳалимов дар бораи таҷрибаи созмони мазкур оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инчунин  дигар маърӯзаҳои ба ин мавзӯъ дахлдор пешниҳоди иштирокдорони конфронс гардид.

Дар охир муколамаи озоди иштирокдорони конфронс бо олимону мутахассисон ва намояндагони созмони «Дунёи бехатар» баргузор гардид.

Май 24, 2019 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад