Азим Иброҳим: «Вақт мунтазир намешавад, корҳои созандагӣ ниёз ба тақвияти тоза доранд»

Май 23, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 23.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раиси кумитаи замини шаҳр ва сармеъмори шаҳри Душанбе оид ба корҳои анҷомдодашуда шунида шуд.

Зикр гардид, ки  то  1 майи соли ҷорӣ аз 4095 адад чорабиниҳои ба нақшагирифташуда 504 адади онҳо иҷро гардиданд, ки ин 12,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Корҳои бунёдкориву созандагӣ фарогири самтҳои ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ, сохтмони мактаб, бунёди кӯдакистон, сохтмони биноҳои баландошёна, марказҳои ташхисию табобатӣ, хизматрасонӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагарду автомобилгард, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, таъмиру рангу бори биноҳо ва азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Муовини Сарвазир зикр намуд, ки ҳангоми муҳокимаи Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид дошт, ки новобаста аз  тадбирҳои муайяни андешидашуда  иҷрои корҳо вусъати тозаро талаб  мекунанд.  Аз ин рӯ, муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳоро нокифоя баҳогузорӣ намуда, аз муовинони раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр ва раисони ноҳияҳои он талаб намуд, ки  суръати иҷрои корҳо  ва сифати  онҳоро баланд бардоранд. Аз ҷумла,сухан дар бораи ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаи саноатии “Зебунисо” меравад. Мутобиқи маълумоти дастрасгардида аз 10 корхонаи бунёдшавандаи саноатӣ дар 8 тояш корҳо бо маром идома доранд,  як корхона  табдили самти истеҳсолот намудааст ва дар як корхонаи дигар  корҳо ҳанӯз оғоз нагардидаанд.

Ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки бо соҳибкорон ҳамкориҳоро вусъат бахшанд ва ҷараёни иҷрои корҳои бунёдкории онҳоро мавриди дастгирии доимӣ қарор диҳанд. Таъкид карда шуд, ки дар ин раванд афзалияти нисбӣ бояд ба соҳибкороне дода шавад, ки тасмими онҳо ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт мебошад.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти сармеъмор ва раисони ноҳияҳои шаҳр, бисёр аз соҳибкорон бо ташаббусҳои нав барои саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда истодаанд. Дар навбати худ таъкид гардид, ки вақтро низ то ҷашни ин санаи таърихӣ дар ихтиёр дорем. Вобаста ба ин ба масъулини ноҳияҳои шаҳр супориш дода шуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои созандагиву бунёдкориро аз санҷиш гузаронанд. Дар баробари ин рӯйхати ташаббусҳои навро дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳр омода намуда, барои илова кардан ба нақшаи чорабиниҳо тибқи талаботи нақшаи генералии шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

«Ташаббусҳои соҳибкорон бояд дастгирӣ ёбанд ва ҳеҷ яки онҳо набояд аз мадди назар дур монанд»,-таъкид намуд муовини Сарвазир.

Май 23, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Гармхонаҳои инноватсионии шаҳри Леваканд фаъолияти босамар доранд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи панаврупоии СҶТ оид ба иқлим ва тандурустӣ иштирок намуд
Шуруъ аз 16 июн байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим анҷом дода мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 211 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар Бохтар майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бозсозӣ мешавад
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе вобаста ба таҳия намудани санади Гурӯҳбандии лоиҳаҳои «сабз» ҷаласаи Гуруҳи корӣ доир шуд
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ оғоз гардид