БМТ мутахассисони ояндаро ҳавасманд мегардонад
ДУШАНБЕ, 31.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии озмун, ки миёни хонандагони синфҳои 9-11 мактаби таҳсилоти умумии № 20-и шаҳри Душанбе ва мактаби таҳсилоти умумии № 36-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар оянда мақсади кор дар соҳаи иқтисод ва молияро доранд, гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Иштирокдорони озмун 11 лоиҳаи тиҷоратӣ таҳия ва манзури ҳайати ҳакамон гардониданд.
Баъди рӯнамоӣ ва муаррифии лоиҳаҳо мақоми якум, дуюм ва сеюм насиби Олия Раҳматова, Рустам Зарипов ва Меҳрдод Ҳусейнзода барои лоиҳаҳои «Таҳсилоти фосилавӣ», «Заводи шакар» ва «Мехи печдор ва гайка» гардида, ғоибон бо 3 000, 2000 ва 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон итилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, махсусан рушди лаёқати соҳибкорӣ дар ниҳоди насли наврас, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки БМТ ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар маросими ҷамбастии озмун муовини Раиси БМТ Лола Салимова, Раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон иштирок намуда, доир намудани чунин машғулиятҳоро муҳим ва судманд арзёбӣ намуданд.
Дар доираи озмун, барои иштирокчиён маҳфили тахассусӣ созмон дода шуда, толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ давраҳои омӯзиширо гузашта, донишҳои иқтисодӣ ва молиявиро аз бар намуданд. Инчунин хонандагон дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии мамлакат таҷриба омӯхта, бо ҷараёни кор дар шуъбаҳои гуногуни ташкилотҳои молиявӣ шинос гардиданд.










Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






