Дар Академияи илмҳо «Гулоби Ирам» истеҳсол намуданд

Май 6, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Олимони биолог аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи  гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оби нӯшокии «Гулоби Ирам»-ро истеҳсол намуда, ба сокинони мамлакат манзур намуданд.

Маводи истеҳсолшуда оби ошомидании бе газ буда, ба гурӯҳи “маҳсулоти хӯрокворӣ” шомил мешавад ва олимони биолог аз Академияи илмҳо чун истеҳсолкунанда дорои сертификати мутобиқат гардида, дар асоси маълумотномаи маркази ташхисии «Тоҷикстандарт» маводро истеҳсол менамоянд.

Бояд гуфт, ки олимони биологи АИ ҶТ  истеъмоли оби нӯшокиро барои беморони гуногунсоҳа, аз қабили дил, диабети қанд, меъда ва дигарҳо тавсия медиҳанд.

Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Яъқубова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки гулоби Ирам хусусиятҳое низ дорад, ки дар дигар обҳои нӯшокӣ дида намешаванд. Масалан, оби нӯшокии тавсияшаванда 180 шабонарӯз муҳлати истеъмол дошта, он аз шираи садбарг ва оби ошомидании тозакардашуда омода гардидааст.

Май 6, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад