Дар Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мегарданд

Май 13, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 22 майи соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Рӯзҳоро муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, санъат ва фарҳанги тоҷикро дар ин барнома  Ансамбли рақсии «Гулрез», Ансамбли созҳои миллии «Дарё», инчунин ҳунарпешагони номӣ, ба мисли Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ мекунанд.

Барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 17 майи соли равон дар шаҳри Пекин ва 20 май дар шаҳри Сиан баргузор мегардад.

Дар доираи Рӯзҳо намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Май 13, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд