Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни мисгарӣ ва оҳангарӣ баргузор мегардад

Май 8, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи дуюми моҳи июн дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни мисгарӣ ва оҳангарӣ ҷамъбаст мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Манбаъ афзуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасдиқ гардидааст.

Аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардидани нақшаи баргузории чорабиниҳо имконият медиҳад, ки тарғибу ташвиқи онҳо сари вақт ва ба муҳлати муайян амалӣ карда шавад ва ин ҷашну ид ва фестивалу озмунҳо ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда шаванд.

Мутобиқи банди 25-и Нақша дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» миёни дӯстдорони ин ҳунар баргузор гардида истодааст.

Озмуни мазкур се давраро дар бар мегирад:

— сатҳи ноҳиявӣ;

— сатҳи вилоятӣ;

— сатҳи ҷумҳуриявӣ.

Давраи якум — озмуни ноҳиявӣ буда, моҳи апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки васеи ҳунармандони сокини маҳалла, деҳот ва шаҳракҳо гузаронида шуданд.

Даври дуюм – озмуни вилоятӣ буда, моҳи май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир гардида, иштироккунандагон дар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба даври сеюми ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.

Даври сеюм – озмуни ҷумҳуриявӣ буда, шанбеи дуюми моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор ва ҷамъбаст мегардад ва ғолибони озмун бо мукофотҳои таҳиянамуда қадрдонӣ карда мешаванд.

Бо мақсади интихоб намудани ғолибони озмун нишондиҳандаҳои зерин ҳатмӣ мебошанд:

— сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ;

— сатҳ ва сифати ташкили намоиши маҳсулоти ҳунарӣ ва мисгарӣ ва оҳангарӣ;

— шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ;

— сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ;

— дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ;

— навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳанҳангарӣ.

Ғолибони озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» бо мукофотҳо сазовор мегарданд.

Масъули баргузории озмун Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсади асосии озмун- ин тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки ҳунару истеъдоди хешро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар заминаи дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои гуногуни ҳунармандӣ рушд намуда, ҳунармандон ҳамарӯза маҳсулоти наву бозоргир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаро таҳия ва истеҳсол намуда истодаанд. Ин раванд дар бахши мисгарию оҳангарӣ баръало эҳсос мешавад.

Аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандони тоҷик сайёҳони хориҷӣ ба таври васеъ харидорӣ намуда, як ҷузъи фарҳанги ҳунармандони халқи тоҷикро бо худ ба гӯшаи дигари олам мебаранд.

Аз ҷониби дигар, рушди ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсули дасти ҳунармандон барои бо шуғл фаро гирифтани мардуми деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии онҳо мусоидат мекунанд, ки яке аз ҳадафҳои эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҳамин аст.

Бо мақсади рушди бемайлони соҳаи ҳунармандӣ бо дастириии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа низ ташаккул ёфта, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарманд» таҳия гардид. Инчунин Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст, ки барои ба танзим даровардани соҳа ва афзоиши саҳми он дар иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Май 8, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд