Дар Душанбе Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид

Май 10, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 10.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 9 майи соли 2019 бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи «Шараф»-и қисми ҳарбии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо  ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Дар оғози фестивал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иштирокчиёнро аз номи роҳбарият Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шодбош гуфта, ба онҳо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору муваффақият таманно намуд.

Ҳамчунин сарояндагони ансамблҳои мақомоти ҳарбӣ ва наврасону ҷавонони соҳибистеъдод  доир ба меҳри Ватан, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат, Истиқлолияту ваҳдат ва ҷавонӣ сурудҳо сароиданд.

Бояд гуфт, ки дар Фестивали сурудҳои ватандӯстона дар қатори сарбозону афсарон наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуда, бо фаъолияти  кунунии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва вазъи будубоши сарбозон аз наздик шинос шуданд.

Дар фарҷом ба сарояндагони беҳтарин сурудҳои ватандӯстона сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.

Май 10, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд