Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти хайриявии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 30 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти хайриявӣ баргузор гардид.
Тавре масъули иттилоот ва робита бо ҷомеаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Нодир Аминзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳамасола бо ташаббуси Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ консертҳои хайриявӣ баргузор шуда, беҳтарин сарояндагони ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби консерт ба даст омада барои беморону ниёзмандон ва маъюбон сарф карда мешаванд. Зеро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.
Ба гуфтаи номбурда, 3 май низ дар шаҳри Хуҷанд чунин консерти хайриявӣ баргузор шуда, дар он беҳтарин сарояндагон иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар доираи он барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ, барномаҳои ҳунарии хайриявӣ ва дигар тадбирҳо доир карда мешаванд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






