Дар Роғун масъулин бо сокинон оид ба баррасии масъалаҳои муҳими рӯз мулоқоту суҳбатҳо анҷом доданд

Май 29, 2019 14:27

РОҒУН, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахшу шуъбаҳо, намояндагони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Роғун дар асоси нақшаи  таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  давоми  20 рӯз  бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр мулоқоту суҳбатҳо доир  намуданд.

Дар  вохӯриҳо  масъалаи  дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои сиёсӣ, ҳамзамон пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, истифодаи сару либоси бегона ва  тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки аксари ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои нопоку  разилонаи  худ  номи поку беолоиши Исломро доғдор месозанд ва аз онро  барои ҷалби ҷавонон истифода мебаранд.  Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳушдор бошанд, ки терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои хатарафзо ва даҳшатфикан дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, аҳолии сайёраро ба ташвиш  овардааст. Ин рафтори номатлуб ва мудҳиш ҳаёти ҳазорон нафарро рабуда, ба тақдири ояндаи ҳар давлату миллат таъсири  манфӣ мерасонад.

«Аз ин хотир, мо сокинони Тоҷикистони осоиштаро  зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои якпорчагии Ватан, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва амнияти сарзамини маҳбубамон талош варзида, кӯшиш намоем,  то насли ҷавон фирефтаи ин гуна амалҳои номатлуб нагарданд»,- таъкид  намуданд иштирокдорон.

Май 29, 2019 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад