«ДАРВОҚЕЪ, ТОҶИКИСТОН БИҲИШТИ РЎИ ЗАМИН БУДААСТ», — Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск таассуроташро аз сафари Тоҷикистон баён медорад

Май 31, 2019 15:15

ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Табиати дилфиреби Тоҷикистон  воқеан маро дар ҳайрат гузошт. Ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам, ки Тоҷикистон дорои чунин мавзеъҳои зебою дилрабост. Дарвоқеъ, Тоҷикистон биҳишти рўи замин будааст»,- чунин иброз дошт Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск пас аз боздид аз Кохи бонувон ва истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз, ки дар доираи сафари расмияш ба Тоҷикистон, 30 май сурат гирифт.

Ӯ табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар мусоҳиба бо «Телевизиони Тоҷикистон» васф карда, мегӯяд: «Инро вақте эҳсос мекунӣ, ки аз наздик ин кишвари афсонавиро мебинӣ. Пӯшида нест, дар ҳаяҷонам, намедонам чӣ гуна Тоҷикистонро тасвир кунам, зеро зебогиаш мафтунам кардааст».

Ёдовар мешавем, ки дар Кохи бонувон фаъолият ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон муаррифӣ карда шуд.

Дар ин макон занону духтарон бо истифода аз муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ба дӯхтани сару либоси миллӣ, мактабӣ, тиббӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ машғул мебошанд.

Дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» бошад, намоиши ҳунарҳо, хўрокҳои миллӣ ва дастранҷи сокинони ин ноҳияи кӯҳистони мамакат ташкил гардида буд.

Май 31, 2019 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон