Дастоварди наврасону ҷавонони тоҷик дар Фестивал-озмуни байналхалқӣ дар шаҳри Тошканд

Май 10, 2019 16:12

ДУШАНБЕ,  10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Мактаби хусусии Пулодови шаҳри Хуҷанд Фарзона Назарова дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» («Роза Востока»), ки аз 4 то 8 майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар жанри вокал иштирок намуда, байни қариб 1000 иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фестивали мазкур инчунин хонандаи Мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Сарвиноз Ҳамдамова, донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Хофизи шаҳри Хуҷанд Шерзод Абдуллозода, донишҷӯи факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Сангинов ва гурӯҳи рақсии «Новая Эра» аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби дипломи Фестивал-озмун гардиданд.

Дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» қариб 1000 нафар намояндагони давлатхои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон дар жанрҳои вокал ва хореография дар гурӯҳи синнусолии аз 4 то 17 сола ва аз 18 то 28- сола рақобат намуданд.

Май 10, 2019 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд