«Фархор. Роҳ мушкили рақами як», «Сатҳи дониши на танҳо хонандагон, балки омӯзгоронро низ бояд назорат кард»,-шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аз шумораи рӯзи 30 апрели соли равон (№82 (23685) таҳти сарлавҳаи «Тоҷикистон ва Россия. Аз таҳкими муносибатҳои давлатӣ то шарики стратегӣ» мулоҳизаҳои кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ё. Ниёзӣ ва Н. Мирзоев ба нашр расидаанд. Муаллифон зикр намудаанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма гирифта, ҳанӯз аз давраҳои қадим халқҳои тоҷику рус байни ҳам робитаҳои наздики тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштанд. Дар мақола, аз ҷумла, омадааст: «Аз соли 1992 то 2017 байни Тоҷикистону Россия беш аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст. Муносибатҳои ду кишвар аз оғози истиқлолият инкишофи пайгирона дошта, амалан тамоми соҳаҳои ҳаёт: сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, ҳарбӣ – техникӣ, гуманитарӣ, молияву қарз, энергетика, мудофиаи шаҳрвандӣ, илму фарҳанг, маориф ва ғайраро дар бар мегиранд. Намунаи барҷастаи таҳкими муносибатҳои шарикии байни ду кишвар ташрифи расмии Президенти Россия В. Путин ба Тоҷикистон 5 октябри 2012 ба ҳисоб меравад, ки дар ҷараёни он санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ, энергетика, расондани маводи нафтӣ ва вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират имзо гардиданд. Соли 2013 ҷиҳати татбиқи ин санадҳо созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардиданд, ки тибқи он ба маҳсулоти нафтии аз Россия ба Тоҷикистон воридшаванда нархи имтиёзнок муқаррар шуд.
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия 16 — 17 апрели соли равон ба тавсеаи ҳамкории судманди ду кишвар заминаҳои боз ҳам мусоидтар фароҳам овард. Зеро имзои 16 санади нави ҳамкорӣ дар ҷараёни ин сафар ба вусъати ҳамкории шарикии стратегӣ такони нав бахшиданд».
Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаи «Фархор.Роҳ мушкили рақами як» мақолаи таҳлилии мухбири ин рӯзнома Лола Ризоӣ ба нашр расидааст. Муаллиф зимни баррасии мавзӯи мазкур, аз ҷумла, нигоштааст: «Мегӯянд, ки роҳҳои Фархор обод нашуд, ки нашуд. Ва дуруст ҳам мегӯянд, зеро худи мардум низ аз ин мушкил солҳост, ки азият мекашанд ва бо дард онро «модарпроблема» мегӯянд. Яъне, проблемае, ки чандин мушкили дигарро тавлид мекунад. Масалан, сокинони деҳаи Ваҳдат, ки беш аз ҳазор нафаранд, роҳҳои ноободро аз сангинтарин мушкилоти худ медонанд. Бино ба гуфтаи Умеда Бутаева, онҳо чандин сол боз ба ин мушкил рӯ ба рӯянд. Дар ҳоле ки деҳа то ба ҳол бунгоҳи тиббӣ надораду беморонро то маркази ноҳия — қариб 30 километр «бо илоҷе» мерасонанд, харобии роҳ мушкили рақами 1-и сокинони ин деҳа боқӣ мемонад. Зеро маҳз аз набудани роҳи ҳамвор, ронандагони такси низ аксар маврид аз омадан ба ин деҳа саркашӣ мекунанд. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки ҳангоми зарурат 8 километр роҳро пиёда тай намуда, ба манзил расем». Л.Ризоӣ дар фарҷоми мақола таваҷҷуҳи масъулинро ба ин масъала ҷалб намуда, чунин нигоштааст: «Воқеан, дуруст мегӯянд, Фархор бо он ки миёни ду дарё — Панҷ ва Сурхоб ҷойгир аст, табиати нотакрор дорад. Оби шифобахши дарёҳояш хусусияти табобатӣ дораду барои бунёди истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои замонавӣ табиатан мувофиқ аст. Агар роҳҳо ободу маконҳои истироҳативу табобатӣ бунёд гарданд, барои мардум шароити хуби зиндагӣ ва барои меҳмонон муҳити созгори фароғату истироҳат муҳайё мешавад. Ҳамин тавр не?
Ё масъулон андешаи дигар доранд?»
Дар ин шумораи рӯзнома ҳамчунин аз дигар воқеаву рӯйдодҳои навин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хабару гузоришҳои ҷолиб ба нашр расидаанд.
Нашрияи порлумонии мамлакат «Садои мардум» (№47, 27.04.2019) аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки он 25 апрели соли равон сурат гирифт, хабару гузоришҳои муфассал чоп намудааст.
Дар ин шумора «Садои мардум» таҳти сарлавҳаи «Ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро вусъат бояд бахшид» аз ҷараёни кори «Хониши парламентӣ», ки 25 апрели соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ доир гардид, гузориши мукаммал ба нашр расонидааст. Дар гузориши мазкур, аз ҷумла, омадааст: «30 ноябри соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қарор қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар супоришҳои мушаххас доданд. Айни замон ташкилотҳои қарзии ватанӣ, аз қабили ҶСК ТАҚХ «Алиф – Сармоя», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Спитамен — Бонк», ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ва ғайра зимни фаъолият технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет — бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи молу хизматрасониро фароҳам овардаанд. Инчунин ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён барои истифодаи бештари воситаҳои электронии пардохтӣ ҳаққи хизматрасониро ба таври назаррас кам ва барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда, дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд. Вазорату идораҳои давлатӣ низ оид ба истифодаи технологияи муосир тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Акнун пардохти ғайринақдии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, як қатор андозҳо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ имконпазир аст. Аз ҷумла, Вазорати адлия барои пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо POS — терминалҳои электрониро дар 10 сохтори зертобеъ — хонаҳои ақди никоҳ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он насб намуд.
Дар ин шумораи «Садои мардум» ҳамчунин таҳти сарлавҳаҳои «Сатҳи дониши на танҳо хонандагон, балки омӯзгоронро низ бояд назорат кард. Ё чаро сифати таълим дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ ба талабот ҷавобгӯ нест?», «Чӣ тавр ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дилгарм созем?», «Аз нияти нек то боварии комил», «Ҳаққи қалам яке аз шартҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад», «Иммунизатсия – кафолати пешгирии беморӣ», «Масоили об ба амният вобастагӣ дорад» ва «Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор…» маводи таҳлилии рӯзноманигорон ва коршиносон ба нашр расидаанд, ки дар онҳо як зумра масъалаҳои муҳими ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
«Народная газета» — нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо роҳбарони як зумра кишварҳои хориҷӣ, иштирок ва суханронӣ дар маросими расмии ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ», вохӯриҳои хос бо роҳбарони ҶМЧ, боздид аз намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019» ва гӯшаи Тоҷикистон дар он гузоришҳои муфассал нашр кардааст.
Нашрия дар мавзӯи «Амнияти озуқаворӣ» мусоҳибаро бо муовини роҳбари корхонаи «Моҳии тоҷик» Фирӯз Шарифов чоп карда, мушкилот, муваффақият ва ояндаи соҳаи моҳипарвариро дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Бахшида ба 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон мақолаи журналисти шинохта Нозирҷон Ёдгорӣ дар бораи иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Ғаффор Расулов, корнамоиҳояш дар майдони ҷанг ва заҳматҳояш дар барқарорсозии хоҷагии халқ пешкаши хонандагон шудааст. Дар бахши «Амният» хабар оид ба кушта шудани ҷанговарони қаноти ҷангии ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нашр шудааст. Вобаста ба оғоз шудани моҳи шарифи Рамазон ва тартиби доштани рӯза мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо имоми масҷиди ҷомеи шаҳри Хуҷанд Ҳоҷӣ Абдурозиқ Бобо чоп гардидааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам…», «Деҳқон бояд шароитро дуруст истифода кунад», «Рушди тиҷорати электронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ», «Як мушт орзу», «Чӣ зиндагие хоҳад буд?, «Ибтикори бузург дар «Пайкори мӯрон» ва «Ғизои солим» .
Рӯзномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» дар баробари дигар нашрияҳои даврӣ умдатарин мавзӯъҳои ҳафтаи гузаштаро дар шумораи навбатӣ (№17 (558), 01.05.2019) пайгирӣ намудааст.
Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» аз мавзӯъҳои меҳварии шумораи навбатии ин рӯзнома маҳсуб мешавад.
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро бо истилоҳи дигар ба унвони ҲХДТ ном мебарем, бо ин ихтисор дар байни мардуми кишвар бештар маъруф аст. Вале ин ихтисор силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихи миллат, идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст». Ин нукта дар мақолаи муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода зери унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ» баён гардидааст, ки рӯзномаи «Мароми пойтахт» онро бознашр кардааст.
Дар ин шумораи рӯзнома дар ҳошияи мақолаи «Ҳизби ормонҳои миллӣ» таҳти сарлавҳаи «Неруи муттаҳидсозандаи миллат» мақолаи номзади илмҳои филологӣ Ҳақназар Каримзода ба нашр расидааст. Ҳ.Каримзода дар ин матлаб, аз ҷумла, чунин нигоштааст: «Аз назари мо, моҳияти аслии мақолаи мазкур, қабл аз ҳама, рӯнамоии як давраи таърихии навини миллат ва саҳмгирии намоён аз иҷрои ҳадафҳои барномавии нахустин ҳизби пешоҳанги давлатдории миллиамон- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад».
Ҳамзамон дар ин шумора, ба муносибати Рӯзи байналмилалии матбуоти озод, ки ҳамасола 3-юми май ҷашн гирифта мешавад, мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода таҳти унвони «Маърифати истифодабарии имкониятҳои озодии баён» ба чоп расидааст.
Ҳамин тариқ, мавзӯъҳои дигари нашрияи «Мароми пойтахт» фарогири ҳаёти ҳизб ва масъалаҳои рӯзмарра мебошанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»