«ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД…». Миёни донишҷӯён олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Май 3, 2019 18:21

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври хотимавии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…» оғоз  гардид.

Унвони олимпиада аз чунин байти устод Абулқосим Фирдавсӣ гирифта шудааст:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад…

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар олимпиада аз 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии мамлакат қариб 326 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ аз рӯи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ дониши худро санҷиданд.

Дар олимпидаи мазкур раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода нақши муассисаҳои таҳсилоти олиро дар рушди илм муассир хонда, иброз дошт, ки имрўз мактабҳои олӣ меҳвари асосии илми кишвар маҳсуб мешаванд.

Тавре гуфта шуд, соли 2017 8959 маводи илмӣ нашр гардидааст, ки аз он 6165, ё ин ки 68,8%-и онро маводи илмии муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Аз 199 нафар доктор ва номзади илм, ки соли 2017 ҳимоя кардаанд, 166 нафар, ё ки 83%-и онро омўзгорони макотиби олии кишвар ташкил медиҳанд. Мавсуф барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиада дар шуъбаи магистратура ба таври буҷавӣ қабул шудани онҳоро пешниҳод намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо назардошти мавҷудияти заминаи хуби техникии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин чорабинии калони илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳз дар ин таълимгоҳ сурат мегирад. Раёсати донишгоҳ барои дар сатҳи баланд гузаштани раванди ин сабқати ҷумҳуриявӣ тамоми шароитро муҳайё сохтааст, аз қабили пешниҳоди хобгоҳ, маркази тестии бо компютер таҷҳизонидашуда ва  дигар шароити маишию фарҳангӣ.

Ба иттилои манбаъ, олимпиада пагоҳ ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд.

 

Май 3, 2019 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд