Кумитаи андоз: андозсупорандагон имконият доранд аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ тариқи онлайн анҷом диҳанд

Май 21, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори видеоконференсияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳо муаррифии (презентатсияи) модулҳои электронии барномаи компютерии Системаи муттаҳидаи иттилотии идоракунии андозҳо доир ба «Хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз»  баргузор гардид. Дар ин бора  аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре  манбаъ иттилоъ  медиҳад,   зимни  муаррифӣ   гуфта шуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декбри соли 2011  тасдиқ шудааст, ҷиҳати бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, бештар намудани намудҳои хизматрасониҳои электронӣ дар айни замон 36 адад номгўи хизматарсониҳои электрониро  пешниҳод намудааст.

Алҳол андозсупорандагон ва шаҳрвандон аз ин хизматрасониҳои электронӣ  истифода  мебаранд. Аз ҷумла, аз хизматрасониҳои электронии «Утоқи шахсии андозсупоранда» — барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозӣ, азназаргузаронии ҳисобварақаҳо ва тартиб додани санади муқоисавӣ, «Донистани рақами мушаххаси андозсупоранда» — барои муайян намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, «Феҳристи ягонаи давлатӣ» — барои гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, «Портали хизматрасониҳои электронӣ» — барои аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, «Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ» — барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор, «Ҳисобнома – фактураҳои электронӣ» — барои дар шакли электронӣ таҳия намудани ҳисобнома – фатураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, «Онлайн номнавис намудан барои қабул» — барои дар низоми вақти мустақим номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз,  «Пардохти андозҳо» — барои бо истифода аз кортҳои бонкӣ пардохт намудани андозҳо, «Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз» — барои ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз даромад ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, «Утоқи шахсӣ оиди лоиҳаҳои грантӣ» — барои аз ҷониби татбиқкунандагони Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозӣ, «Андози даромад аз иҷора» — барои дар шакли электронӣ баҳисоб гирифтани иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул ва ғайраҳо.

Модулҳои мазкур ба андозсупорандагон имконият медиҳанд, ки онҳо аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба тариқи онлайн анҷом диҳанд.

Зикр шуд, ки дар маҷмӯъ номгўи хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешаванд, аз 2 намуд дар соли 2009 то 36 намуд дар соли 2019 расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд, ё дорои малакаи кофии корӣ барои ба тариқи электронӣ пардохт намудани маблағи андозҳо нестанд, имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз хизматрасониҳои утоқҳои алоҳидаи (терминалҳои) дар 26 мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо, ки бо компютерҳои ба шабакаи Интернет пайвастбуда, муҷаҳҳаз мебошанд, истифода намоянд.

Дар утоқҳои (терминалҳои) мазкур кормандони алоҳида барои ба андозсупорандагон мусоидат намудан ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пардохти маблағи андозҳо, вобаста гардида, дар айни замон барои давра ба давра дар тамоми нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо кушодани чунин утоқҳои (терминалҳои) корӣ  чораҷўӣ  мешаванд.

Таъкид гардид, ки то охири соли 2019 аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 20 адад модулҳои нави компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.  Мақсади омода ва мавриди амал қарор додани онҳо пеш аз ҳама беҳтар намудани маъмурикунонии андозҳо, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва содаву қуллай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои андозсупорандагон мебошад.

Дар  муаррифӣ  ба иштирокчиён тартиби истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ намоиш дода шуд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд,  ки Кумитаи андоз омодааст ба иқтисодиёти рақамӣ гузарад.

Май 21, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Биржаи байналмилалии сайёҳии Милан-2025 иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз шаҳри Турсунзода ба хориҷи мамлакат беш аз 18 ҳазор тонна ангур содирот шуд
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Дар шаҳри Норак ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расид
Дар Хоруғ 97 фоизи субъектҳо ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
КИШТИ БАҲОРӢ. Ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо омодагии деҳқонони шаҳри Ҳисор шинос шуд
Соли 2025 дар ноҳияи Спитамен дар 6500 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Дар Тоҷикистон сохтмони панҷ маркази логистикӣ оғоз меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар вилояти Суғд 166 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд