Ҷоми КФО: дастаи «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» мусовӣ бозӣ кард

Май 1, 2019 10:12

ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз  дар доираи даври сеюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо  «Алтин Асир»-и Туркманистон қувва санҷида, бозиро бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расонд.  Аловиддин БӮРИЕВ  шарҳ медиҳад.

Бозӣ дар нимаи аввал бо бартарии меҳмонон-дастаи «Алтин Асир» сурат гирифт. Аммо сармураббии дастаи «Хуҷанд» Виталий Левченко баъди иваз кардани бозингарон дар нимаи дуввум ба бозии футболбозони соҳили Сир тозагӣ ворид карда, тарҳи онро иваз намуд ва футболбозони «Хуҷанд» лаҳзаҳои хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд. Сараввал Ҷаҳонгир Эргашев, баъдан Дилшод Бозоров ва Фирдавс Чақалов вазъиятҳои мусоиди тӯбзаниро истифода набурданд.

Дар ин вохӯрӣ ҳунарнамоии хуби дарвозабони «Хуҷанд» -Давид Купатадзе ба назар расид. Ӯ  дар ҳама лаҳзаҳо беҳтар аз ҳуҷумкунандагони меҳмонон буд. Шояд маҳорати ин дарвозабон буд, ки сармураббии дастаи «Алтин Асир» бозингари беҳтарини хати пеши дастаи худ-Салим Нурмуродов (муаллифи гол ба дарвозаи «Истиқлол» дар даври 2-юм) –ро иваз кард.

Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати футболбозони «Хуҷанд» дар баробари яке аз беҳтарин дастаҳои гурӯҳи «Д» –«Алтин Асир» натиҷаи мусовии 0:0 ба даст омад ва футболбозони вилояти Суғд соҳиби 4 имтиёз гардиданд.

Акнун «Хуҷанд» дар даври чорум ба бозии баргашти худ, ки 15 май доир хоҳад шуд,  ба Туркманистон меравад. Дар ҷои дуввум боқӣ монадани дастаи «Хуҷанд» аз натиҷаи бозии байни дастаҳои Истиқлол» ва «Дордой» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вобастагӣ дорад.

Ҷоми КФО-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 3-юм

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0

«Хуҷанд» : Давид Купатадзе, Асилҷон Бегимқулов, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ахмедов, Торнике Ҷимшелеишвили, Бахтиёр Чориев, Ойбек Абдуғаффоров, Комрони Мирзонажод, Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 51), Ҷаҳонгир Эргашев, Турсуналӣ Рустамов (Фирдавс Чақалов, 72).

«Алтин Асир»:  Маммет Оразмухаммедов, Зафар Бобҷонов, Мекан Сапаров, Алтимурад Аннадурдиев, Салим Нурмуродов (Бегмурат Байов, 75), Мурат Якшиев, Мекан Аширов (Мурат Аннаев, 64), Гурбангелди Батиров (Аннасахет Аннасахедов, 57), Бахтиёр Гургенов, Велмурат Баллаков, Сердар Гелдиев.

Огоҳӣ: Асилҷон Бегимқулов («Хуҷанд»), Зафар Бобоҷонов, Велмурат Баллаков.

Бозингари беҳтаринМаммет Оразмухаммедов («Алтин Асир»).

Довари майдон: Халид Солеҳ Алтурайс (Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Ҳусайн Ғадофарӣ (Кувайт).

Комиссари бозӣ: Санджай Кумар (Ҳиндустон).

30 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон». 5200 тамошобин.

Май 1, 2019 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад