Ҷоми КФО: «Истиқлол» «Дордой»-ро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон –дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи даври сеюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» шоми дирӯз дастаи «Додой»-и Қирғизистонро бо натиҷаи 4:1 шикаст дод ва мавқеашро дар зинаи аввал мустаҳкам кард. Шарҳи мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВдар ин бора пешкаш мегардад.
Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳузури 13 200 нафар тамошобин сурат гирифт. Бозӣ ниҳоят суръати баланд дошт. Эҳсос мешуд, ки ду дастаи касбӣ бо ҳузури футболбозони соҳибмалака дар муқобили ҳам бозӣ доранд. Ин дафъа низ дастаи «Истиқлол» исбот кард, ки нисбат ба «Дордой» беҳтар аст. Дар дақиқаи 13-ум баъди Муҳаммадҷон Раҳимовро зада аз пой афтонидан довари урдунии бозӣ -Муҳаммад Арфан ба дарвозаи меҳмонон ҷазои 11-метра таъйин кард. Онро Алишер Ҷалилов ба нишон расонд.
Ҳамлагари ҷавону умедбахши дастаи «Истиқлол» Шаҳром Самиев дар хати ҳуҷум хуб бозӣ мекарду ҳамчунин ба муҳофизатгарон кумак мерасонд. Зарбаҳои сахташ Валерий Кашубаро дар ташвиш мегузоштанд. Дар дақиқаи 41–ум баъди аз пой зада, афтодани Шаҳром Самиев довар бори дигар ба нуқтаи 11-метра ишора кард ва ин навбат капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев оромона тӯбро ба дарвоза равон кард.
Кашуба дар ҳар ду маврид самти зарбаро пайхас кард, аммо ба тӯб расида натавонист. Нимаи аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба анҷом расид. Дар оғози нимаи дуввум ҳуҷуми футболбозони «Истиқлол» бори дигар бо гол анҷом ёфт. Михайло Сакич муаллифи голи сеюм шуд. Баъди як дақиқа бо зарбаи сахт аз масофаи дур Мирлан Мурзаев ҳисобро тағйир дод-3:1. Ниҳоят дар голзанӣ нуқтаи охиринро Шаҳром Самиев гузошт ва голи голи чоруми «Истиқлол»-ро ба нишон расонид.
Баъди ин ғалаба дастаи «Истиқлол» ҳисоби холҳояшро ба 7 адад расонида, мавқеашро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот мустаҳкамтар кард. Бозии навбатиашро «Истиқлол» 15 май дар шаҳри Бишкек бо «Дордой» мегузаронад.
Ҷоми КФО-2019
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 3
«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Дордой» (Қирғизистон) — 4:1
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 15 -аз пеналти (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43-аз пеналти (2:0). Михайло Сакич, 49 (3:0). Мирлан Мурзаев, 50 (3:1). Шаҳром Самиев, 81 (4:1)
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Искандар Ҷалилов, Ҷалил Кимсанов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 90), Фатҳулло Фатҳуллоев, Михайло Сакич (Амирбек Ҷӯрабоев, 63) Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 86).
«Дордой» (Бишкек): Валерий Кашуба, Мустафа Юсупов (Мирлан Мурзаев, 46), Курсанбек Шератов, Ислам Шамшиев (Муролим Ахмедов, 57), Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Алибек Сакенов, Фархат Мусабеков, Антон Землянухин (Эрнист Батирканов, 77), Вахит Оразахедов, Артур Валикаев.
Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов («Истиқлол).
Огоҳӣ: Мустафа Юсупов, Алибек Сакенов, Фархат Мусабеков, Муролим Ахмедов («Дордой»).
Довари майдон: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).
Нозири доварон: Шанкар Комалисваран (Ҳиндустон).
Комиссари бозӣ: Ҳамид Муминӣ (Эрон).
1 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 200 тамошобин.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






