«ОЯД АЗ ШЕЪРУ СУХАН БӮИ ВАТАН». Имрӯз ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ 78 сол пур мешавад

Май 20, 2019 16:12

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 78 сол пур мешавад.

Устод Лоиқ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX аст, ки бо ашъори обдори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузошт. Вуруди Лоиқ Шералӣ ба адабиёт, агар аз як тараф, барои офаридани тасвирҳои нави шоирона, образҳои ҷолиб, қабои тоза пӯшонидан ба шеъри урён ва эҳёи суннатҳои фаромӯшшудаи ниёгон боис шуда бошад, аз ҷониби дигар, бо шарофати ӯ  на танҳо муҳтаво, балки дар мавзӯи шеъри солҳои ҳафтод ва ҳаштодуми садаи ХХ таҳаввули ҷиддӣ ба миён омад. Ин нуктаро  зимни суҳбат доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод ба  мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ баён намуд. Номбурда дар идомаи суҳбат чунин ибрози андеша  кард:

Гиромидошти забони модарӣ, ҳифзи он, тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба Ватан-Модар ва рамзҳои давлатдории миллӣ  аз мавзӯъҳои меҳварии ашъори Лоиқ Шералӣ маҳсуб мешаванд.

Воқеан ҳам забон ва Ватан ду рукни миллатсоз дар эҷодиёти Лоиқ мебошанд. Шоир шарти мавҷудияти миллатро дар забони миллат ҷуста, миллати безабон ва ашхоси забонгумкардаро мавриди накӯҳиш қарор дода, бо ситеза баён медорад, ки:

Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон,

Бояд биравад ба маҳфили бебасарон.

Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,

Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон.

Тавре ки шоир дар як мусоҳибааш дар маҷаллаи «Машъал» дар соли 1989 иброз медорад, «байти ман барои онҳоест, ки забони модарии худро эҳтиром намекунанд, аз таърих, маданият ва адабиётамон бехабаранд. Охир забон бунёди ҳама бунёдҳост».

Дар охири солҳои 80 – ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон наҳзати худшиносии миллӣ оғоз шуд, ки дар саромади он дар баробари адибон Муҳаммадҷон Шакуриву Акбари Турсон, инчунин Лоиқ Шераливу Бозор Собир, Муъмин Қаноату Фарзона, Ҷонибек Акобиру Баҳманёр ва даҳҳо адибони дигар қарор доштанд. Фароҳам омадани шароити мусоиди таърихӣ барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, эҳёи суннатҳои ниёгон, ҳифзи арзишҳои таърихӣ рӯшанфикронро водор мекард, ки барои дар амал татбиқ шудани ормонҳои миллӣ чун чароғи фурӯзон роҳнамои мардум бошанд. Дар ин давра дар эҷодиёти Лоиқ рӯҳи нав дамид, гиромидошти забон, ҳифзи он аз таъсири забонҳои дигар, ҷойгузини истилоҳот ва вожаҳои тоҷикӣ ба ҷои калимаҳои бегона, озодии меҳан, ободии сарзамини аҷдодӣ, кумак ба ҳамзабонҳои бурунмарзӣ мавзӯи меҳварии осори Лоиқ қарор гирифт. Шоир аз як тараф, бо шеър, аз ҷониби дигар бо мақолаҳои публитсистӣ дар роҳи амалӣ гардидани ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷуръатмандона гом мезад, ҷасурона сухан мегуфт, нотарсона ибрози назар менамуд.

Дар мақолаи «Пиромуни лоиҳа», ки дар зери он Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Ҷонибеки Акобир, Баҳманёр ва Носирҷон Салимӣ имзо гузоштаанд, зарурияти ворид намудани таҳрир ба моддаҳои 4, 6, 20, 29- и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён шудааст. Ба андешаи муаллифон маҳз ворид намудани тағйирот ба моддаҳои мазкур метавонад мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеа устувор намояд, барои рушди он ба сифати забони давлатӣ имконоти густурда фароҳам орад. Дар ҳамин мақола таъкид мегардад, ки забони коргузорӣ дар тамоми вазоратхонаҳо, идораву муассисаҳо бояд тоҷикӣ бошад, шиору овезаҳо ба тоҷикӣ нигошта шаванд, осори адибони хориҷа мустақиман ба тоҷикӣ тарҷума шаванд.

Шоир дар ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ се роҳи омӯзиши забонро пешниҳод менамояд. Ба андешаи Лоиқ, омӯзиши забон, даставвал аз оила — ҷаҳони хурди маънавии хонадон шурӯъ мешавад. Манбаи дуюми омӯзиши забони тоҷикӣ кӯдакистон аст. Манбаи сеюмаш китоб аст. Кӯдак бояд китобро дӯст дорад. Як бадбахтӣ ин аст, ки мо ин вазифаро дуруст иҷро намекунем. Кӯдакро барои омӯзиши луғат ва тамоми ғановату бойигарии забони тоҷикӣ раҳнамун намесозем. Ҳол он ки ба андешаи Лоиқ, пештар дар мадрасаҳо «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, девонҳои Ҳофизу Бедил, Навоиву Фузӯлӣ мехонданд… Кӯдак аз хурдсолӣ ба забони софу ноби тоҷикӣ ворид мешуд, забономӯзиро пайваста то шеъри олӣ ҷараён медод.

Забон гаронтарин моя ва устувортарин пояи давлати миллист. Он дар вуҷуди мо бо шири модар сиришта мешавад. Вазифаи мост, ки онро софу беолоиш нигоҳ дорем, дар шароити глобалии ҷаҳони муосир аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дорем, зеро ба қавли Лоиқ:

Забони модарӣ бо шири модар,

Бувад маҷмуаи тадбири модар,

Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем.

Дар осори Лоиқ забон ва Ватан ду мафҳуми ҷудонопазиранд, ба мисли гӯшту нохун тавъаманд. Ин ду мафҳум бе якдигар ноқисанд, дар ҳамбастагӣ якдигарро мукаммал менамоянд ва пайкараи муҳташами ваҳдат ва худшиносии миллиро ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, мавзӯи худшиносии миллӣ, даъват ба бедорӣ, нафрат ба хислатҳои бардагӣ, ҳушдор ба асолатбохтагони газоффурӯш дар осори устод Лоиқ, бавижа, сурудҳои ӯ «Оли Сомон», «Айнӣ», «Араб гӯянд Синоро гурӯҳе», «Забонгумкарда»…чун фаввора зина ба зина боло меравад ва табдил ба каҳкашони хун мешавад.

Лоиқ барои бунёди давлати миллӣ, тақвияти хушиносии миллӣ, сохтани миллати воҳид ва тақвияти ваҳдати миллӣ забон ва Ватанро аз рукнҳои муҳимтарин мешуморад. Ӯ дар лаҳзаҳои фараҳу тараб бо Ватан буд, васфи онро сутуд.

Шоир ҳамеша такя бар Ватан дошт ва муътакид буд, ки инсон бо он муқтадир аст, шоирӣ низ ватандорист, ба ин хотир, аз шеъраш ҳамеша бӯи Ватан ба машом мерасад:

Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан,

Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан,

Ҳар кӣ неруманд бошад дар ҳунар,

Такя дорад гар ба неруи Ватан.

Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,

На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.

Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър,

Беватанро оварад сӯи Ватан.

Адабиётшиноси тоҷик Шамсиддини Солеҳ зимни пажӯҳиши осори Лоиқ қотеъона хулосаи мантиқӣ мебарорад, ки дар байни удабои тоҷики сад соли охир кам адиберо метавон пайдо кард, ки мисли Лоиқ набзаш баробари набзи миллаташ дар тапидан бошад, андешааш баробари андешаи миллаташ боло биравад, худаш баробари халқаш шукуфта ва дар лаҳзаҳои тираи рӯзгорон андӯҳзада гардад. Кулли осори ӯ ба хотири бедорӣ, пешрафт ва шукуфоии миллат офарида мешуд.

Хулласи калом, ба фикри мо, чӣ қадаре ки аз замони зиндагонии Лоиқ дур мешавем, ҳамон қадар меҳри ӯ дар дили мо бештар маъво мегирад, зеро осори ӯ мисли оинаест, ки дар он як пораи таърихи мардуми мо бо рангҳои гуногун бозтоб ёфтааст. Лоиқ аз шеър пайкараи миллатро бунёд кард, ки забон, Ватан, ҳувият ва худшиносии миллӣ ҷузъҳои муҳимтарини онанд. Аз ин рӯ, метавон забон ва Ватанро ду рукни муҳимтарин дар осори ӯ баршумурд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Май 20, 2019 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ