Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Шартномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими имзои Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов имзо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи роҳбарони ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд.
Мутобиқи моддаи 16-и Шартномаи мазкур ин санад аз 17 майи соли 2019 эътибор пайдо кард.








Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд






