Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мегарданд

Май 24, 2019 09:52

ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  25 — 26 майи соли равон даври  ҳаштуми  Чемпионати  Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ   баргузор мегардад. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Панҷшер»  бо  «Хатлон», «Кӯктош» бо  «Истаравшан», «Истиқлол» бо «Хуҷанд» ва   «Регар-ТадАЗ» бо  ССКА «Помир» байни ҳам бозӣ менамоянд. Ин мавзӯро  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад. 

Бояд зикр кард, ки дар бозиҳои даври ҳафтум дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд  байни ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –«Хуҷанд» ва « Истиқлол»  сурат гирифт. Бозии мазкур  бо пирӯзии дастаи футболи  «Истиқлол»  анҷом ёфт. Футболбозони пойтахт бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, бо касби 19 имтиёз  дар рӯйхат дар ҷойи аввал  қарор доранд. Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Асилҷон Бегимқулов  (1:0, 32 дақиқа, худгол), Эҳсони Панҷшанбе ( 2:0, 75) ва  Аҳтам Назаров (3:0, 79)  ба нишон расониданд.

        Ҳамзамон дастаи футболи  «Хатлон» дар майдонаш бо тими  «Панҷшер» қувва озмуда, бо ҳисбои 2:1 пирӯз гардид. Ҳусейн Нурматов   ва Нуриддин Ҳамроқулов   аз дастаи «Хатлон» ва Саидҷон Шарифов   аз  «Панҷшер» тӯбҳоро ба номи худ сабт намуданд.

Дар даври ҳафтум бозии дастаҳои «Истаравшан» ва «Кӯктош» бо натиҷаи мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ»  бошад дар сафар тими  КМВА «Помир»-ро   бо ҳисоби 2:3 мағлуб  намуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7.

КМВА  «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3

Голҳо: Шерзод Маҳмадиев, 6 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 9 (1:1). Шелдори Акбари Араш, 13 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 30 (2:2). Нозим Бобоҷонов, 61 (2:3).

Бозингари беҳтарин: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

18 май. Душанбе. Варизшгоҳи Вазорати Мудофиа. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:0

Бозингари беҳтарин: Мӯҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).

18 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Асилҷон Бегимқулов, 32 – худго (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (0:2). Аҳтам Назаров, 79 (0:3).

Бозинагари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

19 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи  «20-солдагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8500 тамошобин.

«Хатлон» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Ҳусейн Нурматов, 11 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 21 (2:0). Саидҷон Шарифов, 80 – аз  пеналти (2:1).

Бозингари беҳтарин: Эраҷ Раҷабов («Хатлон»).

19 май. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор». 3500 тамошобин.

Нишонзанҳои беҳтарин: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 5, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, (ҳар ду аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ.

Май 24, 2019 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд