«Самари ишқ» дар «Бухоро» ба чоп расид

Май 24, 2019 12:14

ДУШАНБЕ, 24.05.2019/АМИТ «Ховар»/. «Самари ишқ», чунин ном дорад, маҷмӯаи намунаҳои  эҷоди адибони шаҳри Ҳисор, ки дар  чопхонаи «Бухоро»-и Душанбе ба тозагӣ  нашр гардида, пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонида шуд.

Маҷмӯа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба нашр расидааст.  Мураттиби он  адиб Саидмурод Расулӣ буда,  таҳрири китобро  шоир Ворис  ба  анҷом расонидааст.

Дар китоби  «Самари ишқ» намунае аз ашъори назмию насри шоирону нависандагони баркамол ва ҷавони шаҳри Ҳисор, ки дар  васфи Ватан, Истиқлолият, худшиносии миллӣ,  сулҳу ваҳдат,  зебоиҳои нотакрори табиати биҳишосои Тоҷикистон, накӯкорӣ ва дигар фазилатҳои  неку ҳамидаи инсонӣ сурудаву эҷод кардаанд,  гирд оварда шудааст.

Май 24, 2019 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид