Сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ғолиби озмуни байналмилалии «Килки тиллоӣ» шуд

Май 13, 2019 11:32

ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода  ғолиби озмуни байналмилалии «Килки тиллоӣ» («Олтин қалам»)-и Иттифоқи   журналистони Ӯзбекистон гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи рӯзномаи  «Халқ овози» хабар дода, афзуданд, ки Ёқубҷон Абдуманонзода дар бахши «Беҳтарин мақолаи журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон» ғолиб дониста шуд. Ҷоизаи озмуни мазкур рӯзҳои наздик ба мавсуф супорида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ба озмун журналистони зиёди хориҷӣ маводи худро пешниҳод карда, дар баробари рӯноманигорон аз Британияи Кабир, Беларус, Малайзия ва Ҷумҳурии Мисри Араб  сармуҳаррири   рӯзномаи «Халқ овози» низ дар он ғолиб дониста шуд.

Бояд гуфт, ки Ёқубҷон Абдуманонзода барои силсиламақолаҳои худ, ки ба мавзӯи муносибатҳои дӯстиву шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида шудаанд, бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни байналмилалии «Килки тиллоӣ» («Олтин қалам») ҳамасола аз ҷониби Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон доир мегардад. Мақсади асосии баргузории он инъикоси  мавзӯъҳои марбут ба дӯстиву ҳамҷавории Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷа мебошад.

Май 13, 2019 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд