Шӯрои уламо: 6 май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аст
ДУШАНБЕ, 01.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 6 майи соли равон дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.
Дар робита ба ин имрӯз қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабул гардид.
Тавре аз Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол моҳи шарифи Рамазон 6 май, ки ба рӯзи душанбе рост меояд, шурӯъ хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян намудаанд, ки соли равон оғози моҳи шарифи Рамазон ба ин рӯз рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз буда, он 4 июн ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 5 июн дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






