«СУЛҲУ АМОНИРО БА МАРДУМ АТО КАРДАМ…». 140 сол пеш гилнавиште дар шакли силиндр бозёфт гардид, ки таърихи 2500-сола дорад ва ҳоло дар осорхонаи Британия маҳфуз аст ва зераш навишта шудааст: «Эъломияи Куруши Кабир»
ДУШАНБЕ, 02.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба яке аз бозёфтҳои нодиртарини тамаддуни башарият – Эъломияи Куруши Кабир 140 сол пур мешавад. Соли 1879 бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт дар шаҳри қадимаи Вавилон (дар ҳудуди имрӯзаи музофоти Бобули Ироқ) гилнавиште дар шакли силиндр дарёфт намуданд, ки дар он матни аҷибе бо хати аккад ҳаккокӣ гардида буд. Ин ёдгории бебаҳои таърихӣ худи ҳамон замон ба Осорхонаи Британияи Кабир бурда шуд ва то имрӯз дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Таърихнигорон ҳангоми таҳқиқ ба чунин натиҷа расидаанд, ки матни мазкур соли 539-и пеш аз милод бо дастури асосгузори давлати Ҳахоманишиён – шоҳ Куруши II нигошта ва қабул гардидааст, яъне таърихи беш аз 2500-сола дорад. Баъдтар ЮНЕСКО матни ёфтшударо нахустин дар ҷаҳон Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф намуд…
Дар бораи Куруши Кабир дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст ва дар зоти худ беҳамтост, маълумоти ҷолиб оварда шудааст. Дар ин китоб 25 нафар чеҳраҳои мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳои барҷастае ҳастанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад.
Пешвои миллат ҳини тадқиқот паҳлӯҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти афроди таърихиро ба қалам додаанд. Чунончи, аввалин чеҳраи мондагори таърихӣ дар китоби Пешвои миллат Куруши Кабир аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад.
Дар заминаи сарчашмаҳои муътамади таърихиву археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо Пешвои миллат собит месозанд, ки Куруши Кабир маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷӯӣ, ободкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи таърихии худ, ки аз ҷониби ЮНЕСКО нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, маъруфият дорад.
Куруши Кабир аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ (империя ё салтанати Форс) расидааст. Аммо барои ба ин мартаба расидан ӯ саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди зиёде кард ва монеаҳои бисёреро аз сари роҳи худ бартараф намуд.
Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» тақдири давлати муосири тоҷикон ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат дода шудааст.
Воқеан, ин ҷо метавон дар мавриди умумияти ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ аз хусусият ва сифатҳои фардии онҳо, аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо рӯи кор омадааст. Эъломияи Куруши Кабир, ки дар китоб дар бораи он сухан рафтааст, бо сатрҳое хотима меёбад, ки дилу ният ва омоли Пешвои миллати моро ифода мекунанд: «Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам».
Эъломияи таърихии Куруш низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.
Шоҳ Куруши Кабир ҳанӯз дар асри панҷуми пеш аз солшумории мелодӣ дар бораи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳуқуқи инсон дар Эъломияи хеш таъкид карда буд, ки то замони ҳозира аҳамияти худро гум накардаанд. Меъёрҳои ин Эъломия дар бораи он ки «ҳамаи мардумон дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд»; «касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад»; «ҳар кас озод аст ҳар динеро, ки ба он майл дорад, баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад… танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол насозад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад»; «виҷдони инсони ҳозира қобили пазириш нест, ки дар назди чашми ҳамагон инсонҳо аз гуруснагӣ мемиранд ва ё аз надоштани маводи зист даст ба худкушӣ мезананд»; «ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад» ва ғайра. Инҳо аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон мақоми марказиро ишғол менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Куруши Кабир, аз ҷумла муҳорибаҳо, кишваркушоиҳо, муносибатҳои дипломатӣ дар заминаи сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ муфассал бо забони фасеҳ ҳикоят мекунанд. Хулосаҳои илмии Сарвари давлат дар мавриди мақом ва манзалати Куруши Кабир раднопазир аст. Аз ҷумла, муаллиф Куруши Кабирро ҳаргиз дар қатори забткорону ҷаҳонкушоёни маъруфи олам – Чингиз, Темур, Искандари Мақдунӣ намегузоранд. Зеро Куруши Кабир дар муҳорибаҳову лашкаркашиҳо ҳаргиз ба қатли ом роҳ намедод ва дар риояи ҳуқуқи инсон беназир буд ва ӯ бунёдгузори аввалин давлати мутамаддини инсонӣ маҳсуб меёфт.
Хулосаи дигари Сарвари давлат дар китоб, ки низ бебаҳс аст, ин шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Куруши Кабир дар бунёди давлатдории дунёвӣ мебошад. Ба иборати дигар, нахустин империяи пурқудрати давлати Форс ба шакли дунявӣ асос ёфта буд.
Пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» чунин навиштааст: «Ҳахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои сойири халқҳо хеле бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати Ҳахоманишҳо Куруш шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Форсҳо ӯро ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлат ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номида буданд».
Ин навиштаҳо ва худи китоби Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» собит менамоянд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат ва усули давлатдорӣ дар кишвари мо дуруст ва барҳақ аст.