Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев аз хоҷагиҳои вилояти Хатлон боздид намуд

Май 17, 2019 12:15

ДУШАНБЕ, 17.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли равон намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири кишоварзии ин мамлакат Дмитрий Патрушев бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз кори боғдорону кишоварзони  шаҳру  ноҳияҳои Бохтар, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун дидан намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, меҳмононро дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва дигар масъулин бо самимияти хоссаи тоҷикона сазовор истиқбол намуданд.

Сипас, намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбаладии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, ки меҳмононро ҳамроҳӣ доштанд, аз намоишгоҳи аҳли заҳмату ҳунари сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён дидан карданд. Аз намоишгоҳ аён буд, ки деҳқонони ноҳия дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи обу замин, тухмиҳои хушсифат таҷрибаи бой андӯхта, имрӯз бо меваву сабзавот ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ муаррифи миллати тоҷик мебошанд.

Меҳмонон аз боғи хоҷагии «Сорбонҷон» низ дидан карданд. Ин боғи намунавии мевааш содиротшаванда 5 сол пеш бунёд гардида, имрӯз ниҳолҳои гелос, олу, зардолуи он ғарқи ҳосиланд. Меваҳои шаҳдбори чунин боғҳо на танҳо бозорҳои истеъмолиро арзониву фаровонӣ мебахшанд, балки барои содироти бештари мева ба хориҷи кишвар заминаи воқеӣ фароҳам меорад.      Аз ин нигоҳ, дар ноҳияи Кӯшониён майдони боғот васеъ гардида, ҳар сол 3 ҳазору 500- 3 ҳазору 600 тонна мева содирот менамоянд.

Ҳамчунин намояндагони Федератсияи Россия бо ҳунари занону модарони кадбонуи тоҷик – сокинони ноҳияи Кӯшониён, бахусус,  Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол шинос шуда, ба нону маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳои сазовор доданд. Меваҳои лазизи боғҳои Хатлон, афшураи зардолу, гелос ва дигар навъҳои меваҳои шаҳдор, нону кулчаҳои болаззати занону бонувони тоҷик ба меҳмонон хеле хуш омад. Миёни истеҳсолкунандагони ватанӣ ва намояндагони Федератсияи Россия дар самти сифати маҳсулот мубодилаи афкор сурат гирифт. Роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён меҳмононро чун рамзи дӯстиву бародарӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.

Воқеан, ноҳияи Кӯшониён аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, боғдорону кишоварзони он дар самти истифодаи замин, аз замин бардоштани ду — се ҳосил таҷрибаи бой андӯхтаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён хоҷагидороне зиёданд, ки дар баробари таъмини арзонию фаровонии бозори истеъмолӣ сол то сол ба содироти бештари маҳсулот муваффақ мегарданд.

Дар мавсими имсола аллакай беш аз 120 тонна маҳсулот аз ин деҳот ба давлатҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот шудааст. Деҳқонони асил ин ҳама пешравӣ ва файзу баракатро ба  соҳибистиқлолӣ ва азму талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд медонанд.

Намояндагони Федератсияи Россия дар ин рӯз ҳамчунин аз боғи олуи хоҷагии «Ниёзмуҳаммад Беков», шафтолубоғи хоҷагии ба номи «Сафар Ҷумъаев»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, анорбоғи хоҷагии «Баҳор», намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, фаъолияти хоҷагидорони Хоҷагии тухмипарварии ба номи «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ ва ҷамъоварии пиёз ва кишти такрорӣ бо техникаи муосир дар хоҷагии деҳқонии «Собириён», гармхонаҳои сабзавот ва майдони кишти полезии хоҷагии деҳқонии «Назриён» ва гармхонаҳои лимӯпарварии хоҷагии «Абдураҳим Тоҳиров»-и ноҳияи Ҷайҳун аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ кишоварзони вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки ин нукта бори дигар зимни сафари намояндагони Федератсияи Россия аз шаҳру ноҳияҳои вилоят эҳсос гардид. Тайи чор моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 79,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  55262 тонна сабзавот, 1649 тонна картошка ва 402 тонна меваҷот истеҳсол шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки то 6  майи соли равон аз вилоят 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3, 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.  Сафари намояндагони давлати Россия ба вилояти Хатлон баҳри ҳамкории дуҷониба дар самти кишоварзӣ ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Ҳадафи ташрифи гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба шаҳру  ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба он хотир аст, ки аз кори боғдорону кишоварзон дидан намуда, дар дастрасии технологияи навин дар истеҳсолот мусоидат намоянд ва ҳамкориро дар самти кишоварзӣ ва содироти меваву сабзавот ба давлати Россия тақвият бубахшанд.

Май 17, 2019 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид