«Барои ҳалли мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ чӣ бояд кард?». Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар Душанбе

Июнь 25, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Бо вуҷуди ин то ҳол дар мамлакат  мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ҷой дорад. Барои ҳалли ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  барномаҳои беҳтар намудани  таъмини  аҳолии мамлакатро бо оби тозаи ошомиданӣ таҳия ва дар амал татбиқ менамояд, ки он қадами устуворест дар самти таъмини аҳолии  мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории конфронси илмӣ-амалии «Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: нерӯ ва идоракунии стратегӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, конфронси мазкур дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар кори он кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  ташкили ҳамкории судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад.  Зеро дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлими сайёра  ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи  бемориҳои  сирояткунанда   ва  ғайра  мебошанд.

Сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даринг Раҳмон иброз дошт, ки ҳарчанд дар доираи  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об  ва ташаббусҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи об   пешрафтҳои назаррас  ба даст омадаанд, вале то ҳанӯз ҳам қисми зиёди аҳолии  сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ  надоранд.

«Чуноне мутахассисон пешгӯӣ менамоянд, дар сурати тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табии то соли 2050 мардуми сайёра бо мушкилоти  норасоии об дучор мешаванд», -таъкид намуд номбурда.

Ба зикри мавсуф,  ҳарчанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ қарор дошта бошад ҳам, вале моро водор месозад, ки аз масъалаҳои глобалии танқисии оби тоза, ки  имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, бетараф набошем.

Зимни конфронс муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш изҳор дошт, ки бо мақсади  бо оби тозаи ошомидании мутобиқ ба сифати меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯ таъмин намудани аҳолии мамлакат ва беҳтаргардонии солимии мардум «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» қабул гардид, ки амалӣ намудани он яке аз ҳадафҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад.

Ба зикри номбурда, имрӯз дар соҳаи оби ҷумҳурӣ зиёда аз 28 лоиҳа бо маблағи умумии 352 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегарданд.

«Бо мақсади ҷорӣ намудани механизми пешқадами институтсиалӣ, ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои об ба таҷдидсозии инфрасохтори хоҷагии оби мамлакат  соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»-ро қабул намуд. Барои татбиқи ин чорабинӣ 1,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо барои татбиқи чорабинии вобаста ба барқарорсозии инфрасохтори об пешбинӣ шудааст»,- илова намуд Ш.Худобахш.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба мушкилоти норасоии об дар минтақаҳои мухталифи мамлакат изҳори назар карда, умед бар он доштанд, ки мушкилӣ   марҳила ба марҳила бартараф хоҳад шуд.

Июнь 25, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУЛҲОФАРӢ-МАРОМИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
Ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд
Ҷаласаи якуми Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид