Боғдорони ноҳияи Ашт ба хориҷи Тоҷикистон 2 ҳазору 119 тонна зардолу ва 23 тонна гелос содирот намуданд

Июнь 15, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар  даҳаи аввали моҳи июни соли равон аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд 2 ҳазору 142 тонна меваи тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ хушсифат ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор меваи содиротшуда, 2 ҳазору 119 тонна зардолу ва 23 тоннааш гелос мебошад.

«Меваҳои хушсифат асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мешаванд», — афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки ба ҳолати якуми июни соли гузашта  содироти боғдорони ноҳия ба хориҷи мамлакат  ба  1 ҳазору 283 тонна мерасид. Ҷоизи зикр аст, ки ин рақам дар соли равон  наздики як маротиба афзудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия Ашт «Барномаи рушди соҳаи боғдорӣ барои солҳои 2016 – 2020»  татбиқ гардида, дар асоси он  зиёда аз 1000 гектар боғҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд.

Июнь 15, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид