«Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад», — бардошт аз ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистону Чин на танҳо ҳамсояи наздик ва дӯсти минтақавӣ, балки шарики стратегӣ дар қораи Осиё маҳсуб шуда, ҳамкории мутақобилан судманди онҳо дар соҳаҳои мухталиф беш аз пеш густариш меёбад». Ин нукта зимни ҳамоиши байналмилалӣ, ки имрӯз дар мавзӯи «Таҳкими робитаҳои фарогири стратегии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди бунёди муштараки «Як камарбанд як роҳ» дар Душанбе доир гардид, баён гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши байналмилалӣ дар остонаи сафари давлатии қарибулвуқӯъи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури муҳаққиқону коршиносони Тоҷикистону Чин баргузор гардида, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи фанҳои ҷамъиятии Чин аз созмондиҳандагони чорабинӣ буданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ва ноиби Президенти Академияи фанҳои ҷамъиятии Чин Ван Синсин доир ба ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Чин ибрози назар намуданд. Таъкид шуд, ки ду кишвари ҳамҷавор дар минтақаи Осиё ҳамкории самарабахшро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, кишоварзӣ, коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг беш аз пеш тақвият мебахшанд. Бо имзои Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ саҳифаи наве дар равобити ду давлати ҳамсоя боз гардид.
Зикр шуд, ки солҳои охир робитаю ҳамкории марказҳои илмию пажуҳишии ду кишвар, хусусан ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи фанҳои ҷамъиятии Чин тавсеа ёфта, корҳои муштараки илмӣ, нашри китобу асарҳо, ки инъикосгари равобити судманду ҳасанаи Тоҷикистону Чин мебошанд, дар Душанбе ва Пекин бо забонҳои тоҷикӣ ва чиноӣ ба табъ расидаанд.
Гуфта шуд, ки дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон Чин нақши муассир дошта, табодули мол байни ду давлат марзи як миллиард доллари амрикоиро убур намуда, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад. Ширкатҳои зиёди бонуфузи чиноӣ дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолият карда, дар бунёди иншооти муҳим, хусусан корхонаҳои саноатӣ, сохтмони роҳҳу нақбҳо дар раванди татбиқи тарҳи бузурги Чин — «Як камарбанд як роҳ» саҳми назаррас мегузоранд.
Иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ – пажӯҳишгарону коршинсони тоҷику чиноӣ роҷеъ ба дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар шароити ҷаҳони муосир, хусусан доир ба вазъ ва дурнамои ин муносибот табодули назар намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳангу гуманитарӣ, самти таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва роҳи муштараки ду давлатро ба сӯи рушд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»











Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






