Дар шаҳри Хуҷанд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор мегардад

Июнь 13, 2019 10:31

ДУШАНБЕ, 13.06.2019./АМИТ «Ховар»/. 15-16 июни соли  равон  дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор мегардад. Чемпионати мазкур  дар Маҷмааи варзишии «20-  солагии шаҳри Хуҷанд» баргузор шуда, дар он  иштироки беш аз 50 нафар варзишгарон  дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  иштирокчиёни чемпионат варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм  дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда,  ба даври ниҳоии чемпионат роҳхат пайдо намудаанд.

Сардовари  ин чемпионат  аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Екатерина Измайлова интихоб гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки чемпионати мазкур  дар як сол як маротиба баргузор шуда,  дар натиҷаи он варзишгарони беҳтарин ба тими мунтахаби мамлакат  пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи ба даст овардани имтизҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

Июнь 13, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад