Дилшод Назаров дар мусобиқоти гуногуни сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад

Июнь 21, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари  маъруфи тоҷик Дилшод Назаров машқҳои дастаҷамъонаи тамринии худро аз 24 июн то 10 июли соли 2019 дар шаҳри Амблонести Ҷумҳурии Чехия мегузаронад. Д.Назаров ҳамзамон дар ин давра  дар мусобиқоти гуногуни сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад.

Аз ҷумла,  аз 6 то 7 июли соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусобиқоти варзишӣ оид ба дарёфти Ҷоми Г.Касанов, аз 13 то 14 июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалии барои дарёфти Ҷоми Т.Колпокова ва  аз 2 то 4 августи соли равон  дар  мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Ӯзбекистон иштирок менамояд.

Дар ин бора  аз   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин иштироки Д.Назаров дар Унверсиадаи ҷаҳонӣ, ки моҳи августи соли равон  дар шаҳри Неаполи  Италия  баргузор мегардад, дар назар дошта шудааст.

Д.Назаров инчунин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 26 сентябр то 2 октябри соли  равон  дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мегардад,  иштирок хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки аз натиҷаҳои то ба имрӯз ба дастовардаи Дилшод Назаров  метавон хулоса кард,  ки ин варзишгари шинохта  имкон дорад роҳахати олипиро барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олипии – 2020 дар Токио ба даст орад.

Июнь 21, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад