«ДУРАХШИ ШУЪО». Отабеки Ғойиб — адибе, ки килки сеҳрофараш риштаҳои дӯстии тоҷикону ӯзбеконро мустаҳкам менамояд

Июнь 13, 2019 09:31

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз нашрияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти сарлавҳаи «Дурахши шуъо» мақолаи профессори Донишкадаи милли рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди ин кишвар, доктори илмҳои фалсафа Насриддин Назаров ба чоп расид. Номбурда дар ин мақола дар бораи ҳунари нависандагии рӯзноманигори варзидаи ӯзбекзабони Тоҷикистон Отабеки Ғойиб ба хонандагон маълумот дода, доир ба муҳтавои қиссаву ҳикояҳои ӯ ибрози андеша намудааст.

Н.Назаров мақолаашро бо чунин муқаддима оғоз намудааст: «вазифаи асосии адабиёт ва санъат ахлоқи ҳамида ва зебоиро дар тафаккури инсон пайдо намудан аст. Бояд гуфт, ки хусусияти муқаддаси эҷод низ дар ҳамин нуҳуфтааст. Отабеки  Ғойиб дар кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон аз тарғибгарони фарҳанг ва адаби ӯзбек  маҳсуб шуда, тавассути килки сеҳрофараш риштаҳои дӯстии ин ду миллатро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Воқеан ҳам, дар асл, ин ду миллати гуногунзабон ду буттаи як шохи дарахтанд. Ин ду бутта чунон бо ҳам васл гаштаанд, ки фарқияти намоёни намояндагони ду миллатро на аз ҷиҳати антропологӣ ва на аз ҷиҳати этнографӣ пайдо кардан душвор аст. Вазифаи аввалиндараҷае, ки ба дӯши зиёиёни ҳар ду кишвар вогузор шудааст-боз ҳам устувор гардонидани ин умумият мебошад. Дарки ин хислат бо тафаккур ва амал намудан дар фаъолияти ҳаррӯза ҳамчун равнақи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзиши хоса пайдо мекунад. Зеро ваҳдат ва равнақ дар минтақа ба тағйирёбии сифатӣ дар тафаккури намояндагони миллатҳои гуногун вобаста аст. Агар чунин бошад, пас масъулияти асосии ин ҷабҳа бар дӯши зиёиён асту ҳар яки онҳо ҳиссаи худро баҳри тарғибу ташвиқи хислатҳои дар боло зикршуда бояд гузоранд».

Мавсуф ҳамчунин зикр кардааст, ки  ин рисолатро нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон О.Ғойиб бо асарҳои пурмазмун ба ҷо меорад.

Дар идомаи мақола муаллиф чанд  қиссаву ҳикояҳои   асарҳои     Отабеки  Ғойиб ба риштаи таҳлил мекашад. Номбурда аз ҷумла, дар ин маврид чунин  ибрози андеша  намудааст: Дар  китоби  «Бозгашти шутурҳои сафед…»-и рӯзноманигори  варзидаи тоҷик Отабеки  Ғойиб қаҳрамони  асосии асар худи рӯзноманигор аст, ки ҳаётро аз асли хеш меҷӯяд, ба деҳаи худ меҳр дорад, вале барои ҳифзи ҷони чанд оилаи дигар  роҳ меҷӯяд, роҳ меёбад ва ба мақсади худ мерасад.  Рӯзноманигор дар ин китоб бо қиссаҳои худ  ҳолатҳои равонии  қаҳрамононашро  хеле возеҳ тасвир  кардааст.

«Бозгашти шутурҳои сафед…» умед, қисса ва рамз буда,  ба қавли муаллиф дар хоб дидани шутури сафед фоли нек аст.

О.Ғойиб бо дарки масъулят дӯстӣ ва рафоқатро дар меҳвари эҷод гузоштааст, ки бешубҳа ин таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб менамояд.  Нависанда  муҳаббати поки ҷавононро тараннум намуда, китобхонро муддати муайян ба он лаҳзаҳои ҷаззоб ҳидоят менамояд. Ӯ ба хонандааш таъкид месозад, ки дар асл муҳаббат бо сеҳри соҳир ва меҳри моҳираш ба қалбҳо зебоӣ мебахшад.

Дар  «Бозгашти шутурҳо сафед»  ба ғайр аз  қиссаи ҳамноми китоб, инчунин повестҳои «Изтироб», «Кумушбибӣ», ҳикояҳои тозаэҷод-«Кӯрнамак» ва  «Шикорчӣ» гирдоварӣ шудаанд.

Дар қиссаи «Кумушбибӣ» (Ё ин ки муҳаббати дар асорат монда..) муаллиф изтироби ду ҷавони дилбохтаро бо сеҳри сухан чунон тасвир намуда, ки хонандаи закӣ ба он бетаваҷҷуҳ  буда наметавонад. Интиҳои фоҷиавии қисса ба хонанда эҳсосоти пуризтироберо, ки баъди мутолиаи асарҳои нависандаҳои машҳури ӯзбек Абдулло Қодирӣ -«Рӯзҳои гузашта», Ӯлмас Умарбеков  «Одам шудан мушкил» пайдо мегардад, эҳдо менамояд.

Дуруст аст, ки қиссаи «Қумушбибӣ» аз камбудиҳо орӣ нест. Барои мисол, дар утоқи табобатии Улуғбек аз ҷониби Кумушбибӣ «фаромӯш» шудани китоб ва акс ба ҳувияти миллии мо созгор нест ва ин амал касро ба андеша водор месозад. Баръакс агар ҷавон ба духтар расми худ ва китобро монда мерафт, ба ҳақиқат наздиктар мешуд. Вале дар асари калон мавҷуд будани камбудиҳо табиист. Чи гунагии асар баъди мутолиаи хонанда ва баён намудани андешаи онҳо маълум хоҳад гашт.

Ҳикояи «Қасоси вопасини солҳо» касро хаёлан ба сайри солҳои 20-30-юми  қарни гузашта мебарад. Фоҷиае, ки ба сари як оила омадааст, изтироби тамоми ҷомеаи он давраро дар худ таҷассум намудааст. Нависанда таъкид месозад, ки бадӣ ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонад. Асари бадеӣ агар қалби хонандаро ба ҷунбиш наорад, доираи таъсири он басо танг мешавад. Таъсирнокии ҳикоя бо тарғиби некӣ ва ҳамзамон равона намудани хонанда сӯи корҳои наҷиб қавӣ мегардад.

Ҳикояи «Кӯрнамак» низ дар асоси воқеаҳои ҳаётӣ ифшо гардидааст. Мавлоно Низомиддин Алишери Навоӣ барҳақ гуфтааст:

«Дар роҳи Ҳақ он ки ба ту ҳарфе омӯхт бо ранҷ,
Нашояд гардонидан хизмати устод бо сад ганҷ».

Яъне, ки қарзи шогирдиро бо сад ганҷ ҳам чен кардан нашояд. Қаҳрамони манфии ин ҳикоя шогирдест, ки хилъати сафед ба бар дорад. Кас пас аз мутолиаи ҳикоя дарк мекунад, ки муомилаи табиб аз ҳар гуна дору бештар таъсир мерасонад. Ин масъулиятро ҳар як табиб  бояд бар дӯш дошта бошад, таъкид шудааст дар ҳикоя.

Таҳлилгари ӯзбек Н.Назаров  дар  фарҷоми мақолааш чунин  хулоса кардааст: «ҳар як эҷодкор ба тафаккури худ такя намуда, асар менависад. Аз ин лиҳоз, дар асарҳои Отабеки  Ғойиб ҷабҳаҳои фалсафии гуногуни зиндагии муаллиф ба чашм мехӯранд, маҳз ана ҳамин ҷиҳат аҳамияти хос пайдо намуда, касро баҳри мутолиаи асарҳои ӯ  водор менамояд».


МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Отабеки Ғойиб 24 марти соли 1959 дар деҳаи Сафедҷари ноҳияи Ваҳдат таваллуд шуда, маълумоти миёнаро солҳои 1966-1976 дар мактаби миёнаи №14 ба номи Садриддин Айнӣ гирифтааст. Соли 1979 донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуда, онро соли 1986 бомуваффақият хатм намудааст. Сипас дар рӯзномаи «Халқ овози» (собиқ «Совет Тожикистони») ба кор пардохта, фаъолияташро моҳи апрели соли 1993 дар бахши ӯзбекии Идораи барномаҳои иттилоотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давом додааст. Аз моҳи июли соли 1995 шореҳи идораи барномаҳои иттилоотии телевизион, ҳамзамон, аз моҳи июни соли 2007 муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии шабакаи «Овози тоҷик» мебошад. Номбурда аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.

О.Ғойиб дар баробари фаъолияти журналистӣ, қиссаву ҳикоя менависад. Офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Изтироб» (қисса, 1998), «Як каф дуъо» (2001), «Бозгашти шутурҳои сафед» (2010), «Марги соли чӯпон» (2011) ва ғ. интишор ёфтаанд.

 

Июнь 13, 2019 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Мақсади мо такмил додани донишу маҳорат аст»
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид