«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»! Дар Хуҷанд Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби хонандаи синфи 10-ум Фирӯза Шарипова гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Фирӯза Шарипова гардид. Барандаи Шоҳҷоиза бо маблағи пулӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр сарфароз гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳри Хуҷанд дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр дониши хешро дар назди доварон санҷиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маҷмӯъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд.
«Ҳадафи аслии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад», -афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳру навоҳии мамлакат бо маром ҷараён дорад.








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






