ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода: «Модару кӯдак таҳти ҳимоят ва ғамхории махсуси давлатанд»

Июнь 1, 2019 09:57

ДУШАНБЕ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Точикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар саросари мамлакат   маҳфилҳои зиёди илмиву фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳо, чорабиниҳои варзишӣ доир мегарданд.

Дар  ин робита  хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо ҲАБИБУЛОЗОДА ҳамсуҳбат гардид.   Номбурда андешаҳояшро чунин иброз намуд:

-Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон пайваста талош меварзад. Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро кафолат дода, дар моддаи 34 муқаррар намудааст, ки «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд».

Тоҷикистони соҳибистиқлол Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида, омодагии худро баҳри таъмини шароити арзанда барои ҳаёти кӯдакон исбот намуд. Дар давоми 25 соли ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санади бонуфузи байналмилалӣ ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ тибқи санади мазкур пайваста ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод намуда, вобаста ба пешрафти ҳуқуқи кӯдак ва татбиқи тавсияҳои Кумита Нақшаҳои амалро таҳия ва амалӣ менамояд.

Айни ҳол дар асоси нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2018-2020 дар самти мазкур чорабиниҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин раванд ҷиҳати таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзиҳуқуқҳои кӯдак заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ муҳайё карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро муайян намуда, даҳҳо қонунҳои дигар ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро дар соҳаҳои алоҳида ба танзим медароранд.

Яке аз қадамҳои хеле муҳим соли 2018  аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон мебошад. Ин ташаббус барои таъмини ҳаёти пурарзиш  барои ин кӯдакон имконият медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ  дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зиёди стратегӣ татбиқ мегарданд, ки мақсад аз онҳо, аз ҷумла таъмини шароити мусоид барои кӯдакон мебошад. Ҳоло тадбирҳои дахлдор оид ба таҳияи Барномаи ягонаи миллӣ  оид ба ҳуқуқҳои кӯдак барои то соли 2030 андешида шуда истодаанд, ки мақсад аз он мутобиқ гардонидани ташаббусҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак бо Ҳадафҳои рушди устувор аст.

Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак хусусиятҳои хоси худро дорад ва аз ин рӯ истифодаи механизм ва ниҳодҳои махсусро дар ин самт тақозо менамояд. Низоми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ки дар ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст, барои амалишавии ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак имконият медиҳанд. Дар ин раванд нақши Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор, ки фаъолияташон бевосита ё бавосита ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак равона карда шудааст, муҳим аст.

Зиёда аз ин механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пайваста тақвият меёбанд. Бо ҳамин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми ҶТ ба сифати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян шудааст.

Ҷиҳати таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ соли 2016 бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди махсусгардонидашудаи миллӣ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, фаъолияти он бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сол аз сол густариш меёбад.

Ниҳоди мазкур дар фаъолияти худ принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакро ба роҳбарӣ гирифта, дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самт, баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҳамкориҳои самаранок бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони осебпазир, ятимону бепарасторон ва маъюбон дар маркази диққати ҳамешагии ҳукумат қарор дорад. Ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд нигоҳ дошта мешаванд, шароити ба муҳити оила монанд муҳайё карда мешаванд. Амалӣ гардидани ҳуқуқи кӯдакони ятиму бепарастор ба ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.

Бо мақсади ба кӯдаки маъюб таъмин намудани ҳаёти мукаммал ба онҳо таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, таъминоти доруворӣ ва влситаҳои тавонбахшӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба таври ройгон кафолат дода мешавад.

Дар фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ мусоидат ба ҳифзи кӯдакони осебпазир афзалиятнок аст. Бо ин мақсад Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2013-2020 амалӣ шуда истодааст,  ки тибқи он  мусоидат ба амалӣ шудани ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки Ваколатдор арзёбӣ гаштааст.

Ҳар гуна мушкилоти замони муосир (нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ, ояндабин набудани калонсолон ҳангоми ҳалли муносибатҳои оилавӣ, муносибати дағалона нисбати кӯдакон ва ғ.) дар ҷомеа дар навбати аввал таъсири манфии худро ба кӯдак мерасонад.   Аз ин рӯ, барои самаранок будани фаъолият дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мақомотҳои давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳамкориҳои пайваста ва зич дошта бошанд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2019 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд