«КОХИ НАВРӮЗ». Онро метавон ганҷина ё худ осорхонаи таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик номид

Июнь 26, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додем, 21 июни соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба муносибати Рузи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай  лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ» муаррифӣ гардида, «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир ба ин ҳашгона пазируфта шуд.

Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кох бо санъати волои тоҷикӣ — гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 4 айвончаи тобистона  ва фаввораҳои рангаи хурду бузург ба бино шаҳомати хоса  мебахшанд.

«Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин боз чунин толорҳо: боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D, кофе брейк — хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ  кох ҳашамати  зиёд  зам намудаанд.

Бинои «Кохи Наврӯз» бо шакли тоҷ сохта шудааст, ки он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатӣ ва баргузидагии миллати тоҷик мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз»  бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди таъриху тамаддуни бой ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд гардида, онро метавон ганҷина ё худ осорхонаи таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик номид. Ин маҷмаа то ҳол дар ҷаҳон назир надорад.

Пеш аз он, ки дар бораи Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» сухан ронем моро месазад аввал оид ба ташаббус ва ғояи бунёди он бидонем.

Тавре чанде қабл сармеъмори ин маҷмаа Самӣ АЗИЗИЁН дар суҳбат бо мо  иброз дошт, соли 2007 бо маблағгузории   Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёнбонк» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  чойхонаи «Хуррамшаҳр» -ро лоиҳакашӣ ва бунёд намудем. Бояд гуфт, ки чойхонаи мазкур он замон дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб мешуд. Аз  ҷараёни сохтмони он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боздид намуда, дастур доданд, ки чунин чойхона бояд дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе низ сохта шавад.

Муддате нагузашта меъмори ҷавон Самӣ Азизиён корҳои лоиҳакаширо оғоз намуда, ҳамин  тавр  даҳаи дуюми моҳи марти соли 2009 дар арафаи таҷлили иди Наврӯз   дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарвари давлат хишти аввали сохтмони чойхона гузошта шуд. Маблағгузории сохтмони чойхонаи мазкур низ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёнбонк» сурат гирифтааст.

Корҳои сохтмонии маҷмаа 5 сол идома ёфта, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  корпоратсияи «Сомон Душанбе» ва дигар ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин тавр,  12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозир бинои «Кохи Наврӯз» расман ба истифода дода шуд.

Гуфтанист, ки Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» қаблан ҳамчун чойхонаи бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шуда буд. Вале бо дастуру ҳидоятҳои созандаву дурандешонаи Пешвои миллат он ба як қасри бошукӯҳи таърихиву фарҳангӣ, осорхонаи маданиву ҳунарҳои мардумӣ табдил ёфт ва  шакли имрӯзаро гирифт, ки дар ҷаҳон назир надорад.

Дар ду паҳлӯи даромади асосии маҷмаа расмҳо ҷой дода шудаанд, ки аз замони Авасто, Куруши Кабир ва Ориён ҳикоят мекунанд.

Шояд кас ҳангоми дидани даромадгоҳи асосии бинои маҷмаа дар тахайюл афтад, ки чаро чунин шакл дошта бошад. Бояд зикр намуд, ки он бо назардошти мамлакати кӯҳӣ, дорои пиряхҳои азим ва захираи бойи обӣ, олами ҳайвоноту набототи нодир ва гиёҳҳои шифобахш будани Тоҷикистон сохта шудааст.

ДАР АКС: даромадгоҳи асосии «Кохи Наврӯз»

Қуллаи баланди барфпӯш, шаршараю оби равон ва олами набототу намунае аз мавҷудоти нотакрори мамлакати мо мебошанд, ки дар ин макон ҷой дода шудаанд.

Тавре медонем, бинои «Кохи Наврӯз» чанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳурияӣ ва минтақавию байналмилалӣ гардид ва тибқи нақша сармеъмори он ин чизро ба назар гирифта, дар таҳхонаи  бино таваққуфгоҳро тарҳрезӣ намудааст, ки дар як вақт 250 мошин ҷойгир карда мешаванд. Дар Кох бошад, дар умум дар як вақт имкони қабули 3 ҳазору 200 меҳмон мавҷуд аст.

Толори бошукӯҳу барҳавои «Зарандуд»  яке аз калонтарин толорҳои маҷмаа  ба ҳисоб меравад. Он 1000 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати гаҷкорӣ, гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст. Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36 метрӣ мебошанд.  Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограм вазн ва 1 600 чароғаки каммасраф ва технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён фароварда ва ба боло бароварда мешавад.

ДАР АКС: толори «Зарандуд»-и «Кохи Наврӯз»

Ба гуфтаи Самӣ Азизиён, толори мазкур 16 андар 16 ва 16 мебошад. Яъне дар толор 16 сутуни баландияш 16 метра мавҷуданд, ки дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудаанд. Инчунин дар он 16 – тоии дигар  карнай, ҳавокаш, меҳроб, гунбаз, арк ва тиреза мавҷуд мебошанд, ки ҳар кадоми  инҳо рамзе доранд. Ин рамзи Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Он 16 ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз идома ёфт, 16 ноябр дар мамлакати соҳибистиқлоли мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. «Аз ин хотир мо барои пос доштани таърих ва ин санаҳои муҳим толорро рамзӣ бунёд кардем», — илова намуд мавсуф.

Толори «Гулистон» дар ошёнаи дуюми «Кохи Наврӯз» ҷойгир аст. Масоҳати он 1 ҳазору  650 метри мураббаъро ташкил  дода, пурра бо чӯб кандакорӣ карда шудааст.  Толор 45 метр дарозӣ, 36 метр паҳноӣ ва 18 метр баландӣ дорад. Дар ин толор санъати кандакории халқи тоҷик таҷассум ёфта, гувоҳи ҳунарманд будан ва  дорои  анъанаи бойи ҳунарҳои мардумии миллати мо мебошад.

ДАР АКС: толори «Гулистон»-и «Кохи Наврӯз»

«Дидор» толори дигари Кох мебошад, ки дар ошёнаи 1 – уми он ҷойгир аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, толор 1ҳазору 108 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати вассаҷуфт, наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва гаҷкорӣ дар рӯйи оина оро ёфааст. «Тамоми гулҳо ва санъате, ки дар ин толор истифода  бурда шудаанд, нақши сирф тоҷикӣ буда, аз аҷдодонамон ба мо омада расидаанд.  Фарши толор  бо санги хоро ва мармар ороиш дода шуда, дар он низ пурра санъати миллӣ дарҷ гардидааст», — илова намуд сармеъмори Маҷмаа.

ДАР АКС: толори «Дидор»-и «Кохи Наврӯз»

Ин толор ба хотири он «Дидор» ном гирифтааст, ки бино зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба истифода дода шуд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо сарони давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур дар фазои амну осуда ва дӯстию рафоқат дидору мулоқот намуданд.

Толори навбатии Кох «Аржанг» ном дорад.  Аржанг  номи  китоби  Монӣ, ки сурат ва нақшҳои зебо доштааст, инчунин   сурат ва  лавҳаи  наққошӣ низ маънои ин калима мебошанд. Масоҳати толор  1000 метри мураббаъ буда,  дар он зиёда аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 52 ҳазор килограмм истифода шудаанд. Лоҷувард, лаъли кабуд, ақиқ, нефрит, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва ғайра аз ҷумлаи номи сангҳои нимқимматбаҳое мебошанд, ки дар ин толор истифода гардидаанд.

ДАР АКС: толори «Аржанг»-и «Кохи Наврӯз»

Самӣ Азизиён нақл намуд, ки масалан як намуд санги мармар аз зери яке аз пиряхҳои азими Тоҷикистон, ки бо номи Пиряхи Федченко дар олам машҳур аст, дар кох истифода бурда шуд. Фарқияти санги мазкур  аз дигар сангҳои мармар дар он аст, ки вай ҳангоми нигоҳ кардан пурра сафед ва тоза намудор шуда, диққати касро ба худ ҷалб мекунад. Ин намуди санг дар Италия мармари караравӣ ном дорад, ки як метри мураббаи он зиёда аз 500-600 доллари америкоӣ арзиш дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ин кох пайваста дидан намуда, барои беҳбудии кор тавсияҳо медоданд.

Ин тавсия ва дастурҳои дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки «Кохи Наврӯз» симои имрӯзаро ба худ гирифта, дили ҳар бинандаро тасхир менамояд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Пекин дар ҳамоиш доир ба масоили «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд