КОРВОНИ «МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО» БА РОҲ БАРОМАД! Сад нафар модарон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан менамоянд

Июнь 19, 2019 08:46

ДУШАНБЕ, 19.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҳайати саднафараи  корвони «Модарони ваҳдатсаро» вориди вилояти Суғд гардиданд. Дар назар аст, ки   ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намоянд. Инчунин бо иштироки онҳо 20-уми июни соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст!» баргузор мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷониби роҳбарияти вилоят нақша-чорабиниҳои марбут ба сафари корвони «Модарони Ваҳдатсаро» ба вилоят тасдиқ ва масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он муваззаф гардиданд.

Ҳайати саднафараи меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Муҳаммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеъҳои таърихии «Қаҳ-қаҳа», «Чилҳуҷра», зиёратгоҳҳои «Туятошбобо» ва «Қутуратбобо»-и ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии «Сабристон» ва «Ҳазрати Шоҳ», Литсейи касбӣ-техникӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Сари мазор»-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи «Зумрад», зиёратгоҳҳои «Лангари моҳиён», «Ҳазрати Шоҳ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ, маҷмааи «Ҷаҳони нав», Маҷмааи таърихии «Қалъаи Сурх», Осорхонаи марказии шаҳри Исфара, Қасри Арбоб, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи «Баҳористон», майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки корвони «Модарони ваҳдатсаро» бахшида ба ҷашни 22- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар занону бонувони ҷумҳурӣ   ташкил гардидааст.

Июнь 19, 2019 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ