Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бою рангини миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бойю рангини миллати тоҷик шинос шуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии муассисаи мазкур Фаридун Кенҷаев хабар дод, меҳмононро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, шуъбаҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунад, писанди меҳмонон гардид.
Ҳамчунин дар осорхона ба меҳмонон намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадима, дар маҷмӯъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид.
Диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ҳаёту рӯзгор, расму ойин ва дигар анъанаҳои қадима, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун меъроси аҷдодӣ боқӣ мондааст, ҷалб гардид.
Шиксин Чен Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таассуроти нек дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои хешро дарҷ намуд.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






