ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон вазиши сахти бод ва борону жола дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 06.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. То 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борони пуршиддат, ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар дошта шудааст. Вазиши сахти шамол дар вилояти Суғд то 15-20 метр дар як сония мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона ҳарорат ба 11-16 дараҷа мерасад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ дар баъзе ноҳияҳо пуршиддат шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, боридани борони кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14-16 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






