Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, ки 15-16 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 60 нафар варзишгар доир гардид, муайян шуданд.
Дар натиҷаи мусобиқа аз намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр ҷойи 1-ум насиби Олим Ишанов гардид. Ҷойи 2-юмро Алиҷон Хайруллоев ишғол намуда, ҷойи 3-юм насиби Фахриддин Мадкамов варзишгарони шаҳри Душанбе гардид.
Аз намуди тарзи озод байни бонувон дар масофаи 50 метр ҷойи аввал насиби Анастасия Тюрина, ҷойи 2-юм насиби Карина Климик гардида, ҷойи 3-юмро Бардачёва Екатерина соҳиб шуд.
Ҳамчунин Фахриддин Мадкамов варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ»-и шаҳри Душанбе рекорди навро дар таърихи Тоҷикистон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо натиҷаи наздик ба 27 сония гузошт.
Тавре аз Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни чемпионат варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда, ба даври ниҳоии он роҳхат пайдо намудаанд. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа аз шаҳри Душанбе 3 даста, аз шаҳри Хуҷанд 1 даста ва аз минтақаи Кӯлоб 1 дастаӣ иштирок намуданд.
Дар охир ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо Диплом, медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






