«Саҳми академик Фозил Тоҳиров дар рушди илми ҳуқуқ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назаррас аст», -бардошт аз ҳамоиши илмии байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Рушди илми ҳуқуқ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир гардид. Ҳамоиши илмӣ ба бузургдошти 80-солагии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Фозил Тоҳиров бахшида шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки конференсияро ноиби президенти Академияи илмҳо, академик Ҳикмат Муъминов ҳусни оғоз бахшида, академик Фозил Тоҳировро ба фаъолияти беш аз 60 солаи илмиию омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ табрик намуд. Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Зариф Ализода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷӯрахон Маҷидзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигарон дар бораи ҳаёту фаъолияти эҷодии олим ва нақши ӯ дар рушди илми ҳуқуқ андешаҳояшонро баён карданд.
Зикр гардид, ки номбурда дар тӯли фаъолияти хеш дар рушди илми ҳуқуқшиноси саҳми арзанда гузошта, муаллифи беш аз 300 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 9 монография, 15 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ мебошад. Консепсияи илмӣ ва муқаррароти назариявии асарҳои Фозил Тоҳиров дар тадқиқоти минбаъдаи шогирдонаш рушду такомул ёфтаанд. Зери роҳбарии ӯ 22 номзад ва 8 доктори илм тарбия ёфта, рисолаҳои худро дифоъ кардаанд.
Хизмати содиқонаи Фозил Тоҳиров дар таърихи муосири илми ҳуқуқшиносӣ ситораи дурахшон ва хазинаи беназири манобеи илми ҳуқуқ мебошад. Ӯ дар саромади илми таърихи ҳуқуқии миллат қарор гирифта, барои эъмори ҳуқуқии миллӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ давлати демократӣ беҳтарин ганҷина ва падидаҳои давлатию ҳуқуқии ниёгонро ба риштаи таҳлил кашида, ҷиҳати эҳёи ақлонии онҳо дар замони муосир фикру таклифҳои судманд пешниҳод кардааст.
Дар кори конференсияи байналмилалӣ донишмандону муҳаққиқони кишварҳои Тоҷикистон, Россия ва Қазоқистон, ҳамкасбон, наздикон ва шогирдон иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки рисолаи номзадии Фозил Тоҳиров, ки соли 1971 зери роҳбарии профессор Р. Гимпелевич таҳти унвони «Мақомоти олии ҳокимияти давлатии ҶМШС Тоҷикистон» бо муваффақият ҳимоя карда шуд, ки падидаи нодири илмӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Олими пуркор мавзӯи ташаккули марҳалаҳою ҷанбаъҳои ҳуқуқии мақомоти идоракунии давлатиро дар Тоҷикистон бо фарогирии масоили иҷтимоию сиёсӣ пайгирӣ карда, баъди 17 соли заҳмати мӯшикофона ва омӯзишу таҳқиқи фарогир дар мавзӯи «Инкишофи ҳуқуқи советӣ дар Тоҷикистон» соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Москва рисолаи доктории худро дифоъ намуд. Самтҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии олими маъруфро ба се давра-то инқилобӣ, Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ҷудо намуд.
Фозил Тоҳиров пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ ва соҳиби унвони профессор гардидан дар соҳаҳои мухталифи тадқиқи масъалаҳои ҳуқуқии мамлакат, такмили қонунгузории амалкунанда, ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ вобаста ба тағйироту дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоие, ки дар ҷумҳурӣ ба амал омадаанд, ташаккули минбаъдаи ҷанбаҳои қонунгузорӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ, тарбияи олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва амсоли ин корҳои зиёдро анҷом додаст.
Академик Ф.Тоҳиров барои хизматҳои шоён дар таълим ва тарбияи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ бо медалу ифтихорнома ва ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, соли 1970 бо медали «Барои меҳнати шоиста», соли 1977 ба унвони ифтихории «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», соли 2002 ба муносибати 10-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон бо медали «Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон» ва соли 2011 бо медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад






