Таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Душанбе бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт
ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз – 22 июн – дар Боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ бо иштироки беш аз 5000 сокинони пойтахт машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид..Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии точикистон хабар доданд.
Қабл аз оғози машқҳои ҷисмонӣ муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ва дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ҳозиринро ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки Ҳаракати олимпиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд ва Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар баробари сойири кишварҳои сайёра дар ҷумҳурии мо низ ҳар сол дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Сипас, ба намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.
Пас аз машғулиятҳои ҷисмонӣ, ки бо роҳнамоии устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иҷро шуд, бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарон ба хотири арҷ гузоштан ба таъриху маданияти кӯҳани халқи тоҷик ба пояи асосгузори аввалин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд.
Тадбирҳои бахшида Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки 21 июн бо баргузории Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон» дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шуруъ гардиданд, имрӯзу фардо бо доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома меёбанд. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ ва 125-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор карда мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд











ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






