ТАБИБИ ЭНДОКРИНОЛОГ: ба табобати худсаронаи ҷоғар даст набояд зад!

Июнь 11, 2019 09:13

ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Камйодӣ яке аз бемориҳои афзоянда дар байни аҳолии ҷаҳон маҳсуб шуда, Тоҷикистон низ аз ин шумор берун нест.

Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар олам наздики 1,5 миллиард одамон мубталои бемории ҷоғар мебошанд. Алҳол дар Тоҷикистон 62 ҳазору 863 нафар беморони ҷоғар ба қайд  гирифта шудаанд.

Мухбири АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда бо табиби эндокринологи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ» Фирдавс Музаффаров ҳамсуҳбат гардид.

Номбурда дар бораи пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемории ҷоғар чунин ибрози андеша намуд:

— Сабаби асосии бемории ҷоғар норасоии йод дар организми инсон мебошад. Нишонаи маълуми ҷоғар пайдошавии варам дар пеши гардан мебошад, ки аксар вақт беморро ба ташвиш намеоварад. Бинобар ин бемор муддати зиёд ба табиб муроҷиат намекунад.

Нишонаҳои  умумии ҷоғар ин эҳсоси нофорамӣ дар гардан, ҳисси фишор ва чизи лундашакл дар ҳалқ, варами пеши гардан, ки ба чашм аён аст, мушкилшавии фурубарии оби даҳон, тез -тез сулфидан, гирифтани овоз, вайроншавии давраи ҳайз дар занон, камшавии қобилияти ҷисмонию  фикрронӣ ва ғайраҳо мебошад.

Бояд илова кард, ки дар мактаббачагон ҳангоми пайдошавии бемории ҷоғар аломатҳои варами  кардани гардан, хасташавии зиёд, пастшавии азхудкунии дарс, қафомонии ҷисмонӣ, ақлонӣ,  фикрронӣ, дилтангӣ ва асабоният ба мушоҳида мерасанд.

Дар ҳолати пайдоиши чунин аломатҳо ба табиби эндокринолог муроҷиат намудан лозим аст. Табиб бо ламс кардани ғадуди сипаршакл дараҷаи ҷоғарро муайян намуда,  дар ҳолати зарурӣ ултрасадои ғадуди сипаршакл ва ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро таъйин мекунад.

Бояд гуфт, ки пешгирии ин беморӣ нисбат ба  табобаташ хеле осон ва арзон мебошад. Роҳи маълумтарини пешгирии норасоии йод дар организм  истеъмоли намаки йоднокардашуда мебошад. Яке аз усулҳои беҳтарини пешгирӣ намудани ин беморӣ ба намак ҳамроҳ кардани йод мебошад. Зеро намакро ҳама истеъмол менамоянд ва он маводи арзон буда,  ба ҳама дастрас аст. Чун намак дар миқдори кам истифода мешавад, нисбат ба  дигар мавод йодро ба он бисёртар ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 Қонун «Дар бораи  йодноккунии  намак»-ро қабул  кард, ки нишонаи ғамхории давлат дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад. Қонуни мазкур дар ҳифзи беҳдошти мардум ва ба ин васила коҳиш додани бемории ҷоғар саҳми назаррас дорад.

Бояд гуфт, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои йодноккунии намак аз маҳлули йодати калий истифода бурда, барои як тонна намак 30-60 грамм йодати калий ҳамроҳ кардан муқаррар шудааст, ки истеъмоли чунин намак барои пешгирии норосоии йод кофист.

Намаки йоднокро аз ҳад зиёд низ истеъмол кардан мумкин нест. Он миқдор йод, ки ба намак илова мешавад, талаботи шабонарўзии одамро бо йод пурра таъмин мекунад. Ҳамчунин намаки йоднокро дар зарфи сарпўшида, дар ҷои хушк бояд нигоҳ дошт. Мӯҳлати нигоҳдории намаки  йодати калийдор аз 9 то 12  моҳро дар бар мегирад.

Ба  шахсони гирифтори бемории ҷоғар таъйин намудани маводи дорувории йодати калий ва истеъмоли  маҳсулоти баҳрӣ, ки дар таркибашон миқдори зиёди йод доранд (ба монанди  моҳии баҳрӣ, карами баҳрӣ) тавсия дода мешавад.

Бояд гуфт, ки норасоии йод барои ҳамаи узвҳои  инсон оқибатҳои ногувор дорад. Дар сурати норасоии йод инкишофи асаб ва афзоиши устухонҳо дар инсон суст шуда, дар овони кўдакӣ боиси заифии рушди тафаккур ва ҳатто ноқисулақлӣ  низ мегардад.

Норасоии  йод дар давраи ҳомиладорӣ низ  хатари ҷиддӣ дорад. Ҳомиладорӣ давраест, ки дар он ғадуди сипаршакли зани ҳомила якбора ба ду ҷисм – модар ва кўдаки дохили батн хизмат мекунад ва кори ғадуди сипаршакл дучанд зиёд мешавад. Ҳомиладорӣ яке аз омилҳоест, ки таъсири камйодиро ба ҷисми модар ва кўдак меафзояд ва он дар навбати худ ба бемориҳои камйодӣ оварда мерасонад. Йод дар се моҳи ташаккули ҷанин дар батни модар ва дар се соли аввали  ҳаёти кўдак хеле муҳим аст, зеро инкишофи ҳуҷайраҳои мағзи сар аз таъминоти кофии гормонҳои ғадуди сипаршакл бо йод вобастагии калон дорад.

Муайян карда шудааст, ки дараҷаи инкишофи ақлонии кўдаконе, ки дар минтақаҳои аз йод танқисӣ  дошта зиндагӣ мекунанд, то 10-15 фоиз кам аст. Ин нишондод албатта ба қобилияти дарсазхудкунии  хонандагон,  саломатии занон, сатҳу сифати зиндагонии ҷомеа ва самаранокии иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тавр дар ҳолати норасоии йод  вайроншавии мутобиқати ҳаракат, вайроншавии нутқ, пастшавии шуур, биниш ва шунавоӣ,  гунгӣ, фалаҷи ҷузъӣ ва ноқисулақлӣ (кретинизм) ба вуҷуд меояд.

Баъзе одамон ва табибони мардумӣ ба табобати худсаронаи ҷоғар даст мезананд. Аз он ҷумла роҳи ба об ва шир ҳамроҳ кардани қатраҳои йоди аз дорухонаҳо гирифтаро тавсия менамоянд, ки ин нодуруст аст.

Барои афзоиши ҷисми кўдак ғизои солим зарур аст, ки дар таркиби он ба ғайр аз меъёри муайяни сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо инчунин моддаҳои минералӣ,  яъне йод, оксиди фолиев-оҳан, фосфор, магний, молибден, калсий, мис ва ғайра лозим аст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2019 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст