ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ. Маҷаллаи «Философия отдыха» аз хусуси ҷаззобиятҳои сайёҳии Тоҷикистон навиштааст

Июнь 20, 2019 16:49

ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи машҳури русӣ — «Философия отдыха», ки  оид ба  масъалаҳои сайёҳӣ мавод нашр мекунад, зери унвони «Таджикистан в зеркале международного рынка туризма» аз зебогиҳо ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавсиф намудааст. Ин мақола дар нашри моҳи июн ба табъ расида, ба шумораи 18-и маҷаллаи мазкур рост меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мақола имкониятҳои сайёҳии кишвар таҳлил шуда, аз минтақаи Помир «боми ҷаҳон» ном гирифта мешавад. Бо ёдоварӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои минералӣ ва чашмаҳои шифобахш   таъкид мегардад, ки Тоҷикистон бузургтарин иқтидори сайёҳиро дар минтақа доро мебошад. 93 дарсад кӯҳистон будани ҳудуди мамлакатро яке аз махсусиятҳои беназири сайёҳӣ дар минтақа меномад. Дар хулоса аз талошҳои раҳбарияти кишвар барои рушди бемайлон сайёҳӣ тавсиф карда, фаъолияти озоди ширкатҳои сайёҳӣ ва имтиёзҳои андозӣ ба ширкатҳо ва ҳунармандон барои пешрафти сайёҳиро афзалият рушди соҳа донистааст.

Маҷаллаи «Философия отдыха» дар шакли ранга дар моҳе як маротиба чоп  мешавад. Дар шаҳрҳои  Санкт-Петербург ва Москва қароргоҳ дошта, дар шаҳрҳои калонтарин Россия ва дигар кишварҳо паҳн мешавад.  Тиражи маҷалла 35 ҳазор буда, дар интернет (filosofiaotdyha.ru/архив-номеров/) ҳам дастрас аст. Бино ба пурсишҳои сотисологӣ хонандагонаш асосан синну соли 25-55-соларо дар бар мегиранд.

Июнь 20, 2019 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад