Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Июнь 3, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири фавқуллодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

Лю Бин иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, ки моҳи майи соли равон  сурат гирифт, ба густариши робитаҳои фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшид.

«Рӯзҳои фарҳангӣ равзанае мебошанд, ки тавассусти онҳо мардуми кишварҳои гуногун аз фарҳанг ва санъати ҳамдигар хабардор мешаванд», — зикр намуд Сафир.

Шамсиддин Орумбекзода оид ба робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, сухан гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз имконияти васеъ барои ҳамкорӣ  дар соҳаи санъат, фарҳанг, театр ва тарбияи кадрҳо мавҷуд мебошад.

Инчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба  муаррифии китоби «Си Ҷин Пин оид ба идоракунии давлатӣ», ки маҷмӯи суханрониҳо ва мусоҳибаҳои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пинро дар бар мегирад, суҳбат намуданд. Рӯнамоии китоби мазкур, ки дар радифи чандин забонҳои дунё ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаи ташкили Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Чин ва Маркази фарҳангии Чин дар Тоҷикистон матраҳ гардид. Зикр гардид, ки ташкили чунин марказҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар неруи тоза хоҳад бахшид.

Июнь 3, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад