Ҷамшед Нурмуҳаммадзода: «Муътадил гардидани қурби асъори хориҷӣ ба қонеъ гардонидани талаботи соҳибкорон вобаста буда, хусусияти мавсимӣ дорад»

Июль 24, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Талабот ба доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар як рӯз 25 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҷамшед   Нурмуҳаммадзода 24 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе зикр намуд. Мавсуф муътадил гардидани қурби асъори хориҷӣ-доллари  амрикоиро дар мамлакат ба қонеъ гардонидани талаботи соҳибкороне, ки ба воридот машғуланд, рабт дода, зикр намуд, ки норасоии асъори  хориҷӣ хусусияти мавсимӣ дошта, он вобаста ба талаботи шахсони воқеию ҳуқуқӣ  дар шашмохаи аввали сол мушоҳида мегардад ва батадриҷ муътадил  мегарад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зикр намуд, ки ташкилотҳои қарзии мамлакат ҳар рӯз бо маблағи аз 2 то 15 миллион доллар таъмин карда мешаванд.  Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон  зарфи соли равон  сиёсати реҷаи  қурбии «шинокунандаи  танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани  ҳудудҳои  тағйирёбии қурб»-ро идома додааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҷамшед   Нурмуҳаммадзода гуфт, ки   дар ин давра қурби расмии сомонӣ  нисбат ба доллари  амрикоӣ 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 3,7 банди фоизӣ кам  мебошад. Гуфта шуд, ки тағйирёбии  муътадили  қурб  зери  таъсири  якчанд раванди   мусоиди иқтисодию  молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус  давлатҳои шарикони асосии  тиҷоратӣ ва инчунин  маҷмӯи чораҳои  татбиқшавандаи  сиёсати пулию  қарзӣ сурат гирифт.  Аз ҷумла, устуворшавии  қурби пули миллии шарикони  асосии тиҷорати  Тоҷикистон, аз қабили рубли русӣ 9,2 фоиз,  рубли беларусӣ 5,4 фоиз, тангаи қазоқӣ 1,0 фоиз   ва юани чинӣ  0,1 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ  ба қайд гирифта шуд, ки   ба муътадилии  қурби сомонӣ  замина гузошт.

Бо дахли  сатҳи таваррум  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси  Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки  дар ин давра дар натиҷаи  татбиқи  сиёсати  фаъоли зиддитаваррумӣ, хусусан  истифодаи  самараноки  фишангҳои  монетарӣ ва танзими вазъи бозори  дохилии асъор   сатҳи таваррум бо назардошти  интизориҳои таваррум ва  коҳиши  таъсири   омилҳои берунию  шокҳои мавсимӣ, ба мувозинат омадани  талаботу  таклифот  муътадил нигоҳ дошта шуд. Дар натиҷа дар ин давра сатҳи таваррум дар мамлакат  4,0 фоизро ташкил дод.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳамзамон зимни натиҷагирӣ аз  вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми  бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон  зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон  дар ин давра сиёсати  пайгирона ва самарабахши  пулию қарзӣ ва асъориро  барои танзими ҳаҷми  пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи муътадили  нархҳо, суботи  молиявӣ  ва мусоидат ба рушди  устувори иқтисодиёти  мамлакат равона намудааст.

 

 

Июль 24, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд