БАХШИДА БА ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Гӯштини миллӣ дар Тоҷикистон рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 15.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имсол дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Кумитаи тадорукоти фестивал созмон дода шудааст, ки ба он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассосиатсияи футболиОсиёи Миёна Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ мекунад. Фестивал баъди марҳилаҳои якуму дуюм моҳи декабри соли равон ҷамъбаст мегардад.
Масъулини соҳа баҳри рушди намудҳои миллии варзиш, аз қабили гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, камонварӣ, найзазанӣ, шамшербозӣ, шатранҷбозӣ, арғунчакбозӣ, бандкашӣ, чилликдангалбозӣ, буҷулбозии ҳарифона, намудҳои варзиши сабук,варзишҳои сабук, гимнастика, дорбозӣ, гулӯлапартоӣ, навъҳои варзиши вазнин, сангбардорӣ ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо таҳлили коршиносон ва пешниҳоди мутахассисони соҳа тартиб дода шуда, наврасону ҷавонони аз 14 то 30-сола метавонанд дар он аз рӯи 2 намуди бозиҳо: намудҳои сабқат-рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ иштирок кунанд. Ба намуди бозиҳои сабқат ва рақобати даставӣ гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот ва бандкашӣ дохил мешаванд. Ба намудҳои бозиҳои намоишӣ хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалахмонпартоӣ, арғунчакбозӣ ва бандпарак дохил шуда, ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба маърази тамошои мардум гузошта мешавад. Ба ин муносибат мо тасмим гирифтем, дар бораи ҳар як намуди варзише, ки ба фестивали мазкур ворид гардидааст, ба хонандагони сомона маълумот диҳем. Инак, шуруъ мекунем:
Гӯштини миллӣ
Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва камрбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳаллҳо бахшида ба ҷашну маросим доир мегардиданд ва паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рӯи ин намуди зебои варзиш дар фасли баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор мегарданд. Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург доштанд ва дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояю сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро доро буданд. Гӯштингирӣ таърихи ҳазорсола дошта бошад ҳам, имрӯз ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз дорад, аз ин рӯ моро зарур мебошад, ки онро дар байни омма боз ҳам инкишоф диҳем.
Тавре зимни суҳбат бо шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Сайдаҳмад Баҳриддинов зикр намуд, гӯштини миллӣ таърихи бою қадимӣ дорад. Дар ҳар як ҷашну маросими миллӣ маъракаи гӯштингирӣ низ ҳаст. Бахусус дар ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон ва дигар ҷашнҳо гӯштини миллӣ аз ҷониби ҷавонписарон ба таври шоиста иҷро мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки паҳлавонон ҳамеша ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ, муборизони зидди зулму асорат дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори шоирону нависандагони форсу тоҷик ҷойи асосиро ишғол намудаанд. Абулқосими Фирдавсӣ дар шоҳасари худ «Шоҳнома» дар симои қаҳрамонон Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш, Эраҷ, Исфандиёр ва дигарон ҳаёти паҳлавононро таърифу тавсиф намудааст. Абуалӣ Ибни Сино дар асари машҳури худ «Ал қонун» дар бораи фоидаи муолиҷаи машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ низ сухан рондааст. «Фарде, ки мунтазам ба машқи ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна дору эҳтиёҷ надорад».
Бояд зикр кард, ки гӯштин аз вожаи аслии тоҷикии «куштӣ» гирифта шуда, маънояш камарбанд аст. Ва низ камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Номи аслии ин навъи варзиш куштигирӣ буда, маънии камарбандгирӣ ё миёни якдигарро гирифта, қувваозмоӣ кардан мебошад.
Имрӯз ду намуди гӯштин паҳн гаштааст- яке гӯштингирӣ, дигаре гӯштини камарбандӣ аст, ки дар байни тоҷикони вилояти Суғд амал мекунад. Аз оғози солҳои 1930-юм инҷониб гӯштингирӣ аз ҳудуди ҷумҳурии мо берун баромада, барои инкишофи гӯштини дигар давлатҳо хизмат карда истодааст. Масалан, гӯштини самбо дар асоси бандҳои гӯштини миллии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии бародар, аз ҷумла, гӯштини тоҷикон ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев соли 1941 бо қарори Маркази тадқиқоти илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои омӯзиши илмии гӯштинҳои миллӣ ба давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна сафар мекунад. Ӯ бо гӯштини миллии тоҷикон шинос шуда, дар тартиб додани гӯштини самбо аз усулҳои (техника)-и гӯштини миллӣ васеъ истифода мебарад.
Либоси гӯштингир
Либоси гӯштингир аз ҷелак ва миёнбанд иборат буда, чакман аз матои пахтагин тайёр карда мешавад. Дарозиаш бояд аз се ду қисми то ба зонуро пӯшад, остинҳо то банди даст муқаррар гардида, дар ҳолати дастҳоро ба пеш таҳти кунҷи 90 дараҷа нигоҳ доштан дарозии остин ба буғуми панҷаи даст расад ва холигии он нисбат ба даст 10-15 сантиметр бояд бошад. Дарозии шалвор 5 сантиметр аз буғуми пой болотар буда, холигии он нисбат ба пой 10-15 сантиметрро бояд ташкил диҳад. Миёнбанд аз болои чакман, мутобиқи миён бо ду давр печонида, баста мешавад ва дарозии он аз гиреҳ 20 -25 сантиметрро ташкил медиҳад. Тибқи қоида, инчунин истифода аз кимоно иҷозат дода мешавад. Гӯштингирон пойи бараҳна қувваозмоӣ менамоянд. Дар мавридҳои зарурӣ гӯштингирон метавонанд аз ҷӯроб истифода намоянд.
Дар расми кушодашавии тантанавӣ ва пӯшидашавии мусобиқа, инчунин мукофотсупорӣ иштирокчиён бо либоси гӯштингирии ранги сафед мебароянд.
Зимни қувваозмоии гӯштингирон доштани ангуштарин, дастпона ва соат манъ аст.
Дар сурати набудани ҷома (куртка) гӯштингирон аз кимоно истифода мебаранд. Гӯштингире, ки нахустин шуда, даъват мешавад, бояд бо киманои сафед ба майдон барояд.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 24 марти соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавонони маъруфи мамлакат Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардид. Дар чемпионат зиёда аз 180 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзида, дар охир ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб байни насли наврас ҳамасола Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши
АМИТ «Ховар»