ДӮСТОН ОИНАИ ЯКДИГАРАНД. Дар вилояти Хатлон санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо аз нав эҳё мегардад
ДУШАНБЕ, 22.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар гузаштаи начандон дур аз ин шакли ташкили кор – мусобиқа ва санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо васеъ истифода бурда мешуд ва ҳоло низ ба он дар кишварҳои пешрафтае мисли Чин ва Япония диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ин усули босамар дар вилояти Хатлон аз нав эҳё карда мешавад. Бо мақсади азназаргузаронии рафти корҳо дар соҳаҳои кишварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, таҳлили вазъу ҳолати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва ғайра, ошкор ва рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам Амри Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз 5 июли соли 2019, таҳти рақами №22 «Дар бораи санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳои вилоят» ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутобиқи Амри раиси вилоят даври якуми ин санҷиш рӯзи 16 июл доир карда шуд. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарии раиси ноҳия Почохон Зарифзода ва намояндаи вилоят раиси хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб Миралӣ Давлатов аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздид ба амал оварданд.
Баъди омӯзиш ва таҳлил дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи ҷамъбастӣ оид анатиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласа оид ба ҳолати имрӯзаи пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, боғдорӣ, тандурустӣ, маориф, роҳсозӣ, саноат, фарҳанг ва дигар соҳаҳо натиҷагирӣ карда шуд. Дар баробари пешравиҳо камбудиҳоро низ зикр карданд. Махсусан, мушкилоти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, дин ва пешгирии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон ва роҳҳои ҳалли он мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуд.
Дар охир Раиси ноҳия П. Зарифзода изҳор дошт, ки камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт ислоҳ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ободонию шукуфоии Ватан сарф хоҳанд кард.
Гурӯҳи санҷишии дигар таҳти раёсати намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадсаид, Сайфиддинзода, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ бо мақсади санҷиш ва омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарӣ ба ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом дод. Субҳи барвақт дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳия меҳмононро роҳбарияти ноҳияи Хуросон истиқбол гирифта, сипас аъзои ҳайати санҷишӣ ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим гашта, барои санҷишу омӯзиш ба самтҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияи Хуросон сафарбар шуданд.
Ҳайати мазкур бо фаъолияти фабрикаи паррандапарварии Ҷамъият масъулияташ маҳдуди «Мурғи Хуросон», воқеъ дар деҳаи Меҳнатободи ноҳия аз наздик шинос шуданд. Дар ҷамъияти мазкур 25 ҳазор сар мурғ, 10000 чӯҷа парвариш карда мешаванд ва ин фабрикаи паррандапарварӣ аз тарафи соҳибкор Фахриддин Ҷӯрабеков бунёд гашта, фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз хоҷагии деҳқонии Бобои Ҳамроқул дидан намуданд. Чуноне мушоҳида карда шуд, бо вуҷуди он, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон хоҷагидорон хисорот дидаанд, дар натиҷаи меҳнати пурмаҳсул, риояи қоидаҳои агротехникӣ нашъунамои пахтазор хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳаи Сарбанди деҳоти Қизилқалъа ҳайати санҷишӣ бо вазъи истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии Сафарқул ошно гардиданд. Масоҳаи замини хоҷагии мазкур 8 гектарро дарбар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ба пахтакорӣ равона гардида, чуноне мушоҳида карда шуд, ҳолати нашъунамои пахтазори хоҷагӣ хуб аст.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи санҷишӣ бо фаъолияти ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат» шинос шуданд. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон соли 2014-ум ба фаъолият оғоз намуда, саҳми ҷамъият дар зиёд намудани саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, хушзоткунии чорво арзанда ҳисобида мешавад. Дар хоҷагии мазкур 480 сар чорвои хушзот мавриди парвариш қарор дошта, иқтидори истеҳсоли шир дар ин хоҷагӣ дар як шабонарӯз 2,5 тоннаро ташкил медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки чорвои ҷамъияти мазкур навъи сершири сементал ва голштейн буда, ин зоти чорво аз давлати Олмон бо мақсади хушзоткунии чорво ва рушди соҳа дастрас карда шудааст. Тибқи иттилои масъулин ояндаи наздик роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки фаъолияти фермаи парвариши моли майда ва бузи испаниро ба роҳ андозанд. Дар марҳилаи аввал 500 сар бузи испании ширдеҳ оварда мешавад ва ин иқдом дар рушди соҳа мусоидат мекунад.
Санҷишу омӯзишро ҳайати гурӯҳи корӣ дар хоҷагии деҳқонии «Бибиузбак» идома доданд. Масоҳати умумии хоҷагии мазкур 833 гектар заминро дарбар мегирад ва парвариши 11 навъи мевагиҳо ба роҳ монда шудааст.
Боздиди ҳайати гурӯҳи корӣ дар боғи марказии ноҳия идома ёфт. Боғи фарҳангӣ — истироҳатии маркази ноҳияи Хуросон дар масоҳати 0,75 гектар бунёд гардида, корҳои азнавсозӣ дар боғи мазкур бо харҷи 700000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия сомон дода шудааст. Бо мақсади таъмини фароғати кӯдакону наврасон дар ҳар канори боғ арғунчакҳо аз тарафи соҳибкорон насб карда шудааст.
Корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти гуногуни маишиву хизматрасонӣ дар ноҳияи Хуросон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бомаром идома доранд. Дар маркази ноҳия парчам бо баландии 47 метр ва нишон бо баландии 24 метр бунёд гардидааст, ки ба зебогии маркази ноҳия ҳусни тоза зам мекунад.
Дар толори қасри фарҳангии ноҳия бо иштироки ҳайати гурӯҳи санҷиши байниҳамдигарӣ, роҳбарияти ноҳияи Хуросон, роҳбарони бахшҳои мухталифи ноҳия оид ба натиҷаҳои санҷишу омӯзиши байниҳамдигарӣ ҷамъомад доир карда шуд.
Чунин гуруҳи санҷишии шаҳри Бохтар ҳафтаи гузашта бо рафти корҳо дар шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд.









«Shohin Airlines» бо «Airbus» барои харидани чор ҳавопаймои силсилаи A320neo созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад






