Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон системаи электронии идоракунии таълим – LMS роҳандозӣ гардидааст

Июль 30, 2019 17:19

 ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Хатмкунандагони Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳоло дар зиёда аз 42 давлати ҷаҳон фаъолият  мекунанд. Имрӯз донишгоҳ мавқеи байналмилалӣ касб намуда, тавонистааст бо дастпарварони худ  баҳри  солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ  саҳми арзанда гузорад.  Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба зикри номбурда, Донишгоҳи тиббӣ дар тӯли 80 соли фаъолият  беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи тиб  омода намудааст.  Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 1400 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 давлати дунё таҳсил мекунанд.

«Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ- ин фаъолияти байналмилалӣ ва эътироф аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад. Ҳоло донишгоҳ бо 125 муассисаҳои илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкории дуҷониба амалӣ намуда истодааст. Тибқи амалишавии шартномаҳои мазкур, дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академии таълимӣ, Мактаби байналмилалии тобистонаи илмӣ-амалӣ, корҳои муштараки табобатӣ ва тадқиқоти илмӣ-амалии мууштарак гузаронида мешаванд»,-афзуд Ректори донишгоҳи тиббӣ.

Ба зикри номбурда, дар шаш моҳ дар ДДТТ 9 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди амал  қарор дода шуданд, ки онҳо аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд   ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд.

Ҳоло сифати таълим дар донишгоҳ  хуб буда,  ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ  ва натиҷагирии  он  тибқи  талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ LMS (системаи  электронии идоракунии таълим) ва  шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият  мекунанд. Ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, мустақилона метавонад ба он ворид гардад  ва  ҳамаи маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳои худро  аз тамоми  манотиқи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тариқи  on-line дастрас намояд.

«Инчунин дар биноҳои таълимии Донишгоҳи тиббӣ   портҳои электронии маълумотӣ гузошта шудаанд, ки донишҷӯён  бо қайди  изи панҷаашон ба кабинети инфиродии худ ворид мешаванд. Волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии  фарзандонашон ворид шуда, доир ба таҳсил ва иштироки онҳо дар дарсҳо  маълумоти муфассал  дастрас намоянд»,- гуфт Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода.

 

Июль 30, 2019 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад