Дар Душанбе масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо роҳбари барномаҳо оид ба рушди устувори иқтисодии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Ҷалилова доир гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ, татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид.
Ҳамчунин зикр шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, доир ба такмил ёфтани он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Зеро имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат бар дӯши ҷавонон вогузор шуда, иштироки онҳо дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад.
Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ҷалби васеи ҷавонон ба барномаҳои маърифатӣ ба мувофиқа расиданд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






